Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвият бахшидани ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ

91

Рӯзи 13-уми феврали соли 2019 бо ташаббуси ШВКД дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимиятии давлатии ноҳияи мазкур ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва амаликунонии корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ вохӯрии роҳбарон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, ШВКД, Прокуратура ва Шуъбаи ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо сокинони ҷамоати шаҳраки Меҳробод ва ҷамоати деҳоти Ғулакандози ноҳия, аз ҷумла бо волидайн ва хешу таборони наздики як қатор ҷустуҷӯшавандагон доир карда шуд. 

Зимни мулоқот сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Расулов полковники милитсия Алиҷон Бобоназарзода қайд кард, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ ҳамкорӣ ва робитаи қавӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчун меҳвари асосии фаолият қабул гардидааст, зеро он дар пешгирӣ ва мубориза зидди ҷинояткорӣ нақши муҳим мебозад. 

Мавсуф ба иштироккунандагони вохӯрӣ оид ба ҳолати мубориза зидди ҷинояткорӣ дар ноҳия ва натиҷаҳои ҷамъбасти фаолият дар соли 2018 маълумоти мушаххас дода, вобаста ба самтҳои мухталифи мусоидати шаҳрвандон дар мубориза зидди ҷинояткорӣ суханронӣ намуда, аз иштирокчиёни вохӯрӣ даъват ба амал овард, ки дар ин ҷода боз ҳам фаъолнокӣ зоҳир намоянд.

Инчунин дар ҷараёни баромад аз шомилшавии баъзе аз шаҳрвандони ноогоҳ ва роҳгумзадаи ноҳия ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротӣ, хатару оқибатҳои мусибатбори он ба амнияту суботи кишвар қайд карда шуд.

Сардори шуъбаи ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Навбаҳоров М. баромад намуда, ба ҳозирин оид ба натиҷаи мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва хатарҳои мудҳиши он дар ҷаҳони муосир суханронӣ намуда, роҳҳои пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористиву экстремистидоштаро муфасал баён намуд.

Сипас Прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи 1 Имомзода Н.Х. баромад намуда, доир ба муқаррароти Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эзоҳ ба як катор моддаҳои он, ки озод намудан аз ҷавобгарии ҷиноятии ашхоси аз кирдори ҷинояткорона пушаймоншуда ва ихтиёран ба ватан баргашта пешбинишударо тафсир дода, аҳли нишастро ҷиҳати мусоидат намудан, оид ба ватан баргардонидани наздиконашон даъват намуд. Инчунин қайд карда шуд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамеша омодаи ҳамкорӣ бо шаҳрвандон буда, барои равнақ додани робита бо онҳо тарзу усулҳои гуногуни ҳамкорӣ бо ҷомеаро роҳандозӣ намуда истодаанд. 

Дар ҷараёни мулоқот аз ҷониби иштироккунандагони вохӯрӣ як қатор саволҳо ва дархосту таклифҳо ворид шуданд, ки ба онҳо аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷавобҳои саҳеҳ дода шуданд.

Ҷоиз ба таъкид аст, ки вохӯрии мазкур бо дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ сурат гирифт.

Бобоназарзода А., сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Расулов, полковники милитсия

  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

04.08

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика