Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саҳмгузорӣ дар ободии диёр

414

Милитсия дар баробари иҷрои вазифаҳои хизматӣ, инчунин ба дигар масъалаҳо, аз ҷумла ба корҳои ободониву созандагӣ низ мароқ зоҳир менамояд. Ҳамин аст, ки кормандони бахшу воҳидҳои гуногуни мақомоти корҳои дохилӣ пайваста аз худ ташаббус нишон дода, дар ободию зебогии диёр саҳмгузорӣ менамоянд.

415

Чанде пеш як гурӯҳ ҷавонони касбу кори гуногун зери роҳбарии сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Фаттозода Абдусаттор Абдуқаҳор, бо мақсади тозаю озода намудани боғи канори чойхонаи «Роҳат»-и шаҳри Душанбе, ба ҳашар баромаданд. Зимни ин шанбегии дастаҷамъона роҳбарият ва ҳайати шахсии Хадамоти мазкур ҳамроҳи донишҷуёну ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» ҳудуди мавзеи мазкурро тозаю озода карда, бехи дарахтонро нарм намуданд.
Дар ин ҳашари умумӣ беш аз 200 нафар иштирок карданд.

416

Ёдовар мешавем, ки ин шанбегии аввал нест, ки бо ташаббуси масъулини Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД дар ҳудуди шаҳри Душанбе роҳандозӣ мегардад. Аз ин пештар кормандони Хадамоти зикршуда дар якҷоягӣ бо донишҷӯёну ҷавонони фаъол дар дигар боғу ҷойҳои ҷамъиятии пойтахт ва канори кӯлу дарёҳо ба шанбегӣ баромада, ҳудуди ин гуна маконҳоро тозаю озода намуданд.
Абдулло ШОҲИЁН,
Дилшод ХОЛОВ




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика