Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамкории ҷомеа дар самти ислоҳоти милитсия

423

Имрӯз дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва дастгирии Дафтари барномавии САҲА дар шаҳри Душанбе семинар-машварат дар мавзӯи «Тақвият бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар самти иштироки шаҳрвандон дар раванди ислоҳоти милитсия» баргузор гардид.
Дар семинари мазкур муовини раиси ноҳия, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД генерал-майёри милится Шодмонзода Ф. А., сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Расулов полковники милитсия Бобоназарзода А.Б., ҳайати шахсии мақомот, раисони ҷамоатҳо, раиси Кумитаи занон ва шахсони фаъоли ҷомеа иштирок намуданд.

424

Сарраввал, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД генерал-майори милитсия Шодмонзода Ф.А., оид ба ҳадаф ва дурнамои ислоҳоти милитсия ҳарф зада қайд намуд, ки мақсади асосии ислоҳоти милитсия, ин боз ҳам ривоҷ ёфтани ҳамкории судманди милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.
Дар ҷараёни семинар- машварат муовини сардори шуъбаи хизмати Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД подполковники милитсия Шукуров М., дар хусуси ҳамкории милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, хусусан густариш додани институтҳои дружиначиёни ихтиёрӣ, кормандони ғайриштатии милитсия ва шӯроҳои ҷамъиятӣ дар фаъолияти хизматӣ баромад намуд.

425426427

Дар интиҳо миёни ширкаткунандагон мубодилаи афкор сурат гирифта, перомуни масоили мубрам ҷавобҳои мушаххас дода шуд.
Бояд тазаккур дод, ки чунин семинар-машваратҳо чанде қабл дар шаҳрҳои Истаравшан ва Исфара низ аз ҷониби масъулини соҳа доир карда шуд.

Рухшона Шукурова




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

04.08

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика