Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамъоварии ҳосил дар заминҳои Хоҷагии ёрирасон

416

Дар Вазорати корҳои дохилӣ бо истифода аз тамоми шароиту имкониятҳо барои бою ғанӣ гардонидани дастурхони афсарону сарбозон, истеъмоли хӯроки серғизо, таъмин бо меваҷоту сабзавот таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мегардад.

Дар ин замина, заминҳои Хоҷагии ёрирасони Раёсати қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ бо меҳнати сарбозон киштзор гардида, аз заминҳои хоҷагии мазкур бо истифода аз боду ҳавои мусоид имконият аст, ки дар як сол ду маротиба ҳосили хуб гирифта шавад.
Рӯзи 4-уми декабри соли 2018 бо ташаббуси роҳбарияти ВКД кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД ва ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» бо роҳбарии сардори Хадамоти мазкур полковники милитсия Фаттозода Абдусаттор Абдуқаҳор ба Хоҷагии ёрирасони Раёсати қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ омада, ба ҷамъоварии ҳосили дуввум ба сарбозон кӯмак намуданд.

417

Ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» ва кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД бо ҳисси баланд ҳосили кишти дуввуми хоҷагии ёрирасон, аз қабили шалғам, карам лаблабу ва дигар маҳсулоти хоҷагии қишлоқро ҷамъоварӣ карданд.
Маҳсулотҳои ҷамъовардашуда барои таъминоти ҳайати шахсии қисмҳои низомии Раёсати қушунҳои дохилӣ ва Воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ пешбинӣ гардидааст.
Абдуллозода Эҳсон




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

04.08

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика