Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси падару модарон дар муассисаҳои таълимӣ бо иштироки кормандони милитсия

253

Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ доир ба таҳким бахшидани ҳамкории милитсия бо оилаву мактаб ва дар ҳамин замина пешгирии муноқиша ва авбошиҳои гуруҳӣ ин маротиба дар тамоми мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе маҷлиси падару модарон бо иштироки кормандони милитсияи баргузор гардид.
Дар ҷаласаи падару модарон кормандони дар муассисаҳои таълимӣ вобастагардида, волидайни муҳассилин ва омӯзгорону маъмурияти муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа раванди иҷроиши як қатор Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе таҳти №63 аз 30 январи соли 2018 “Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе” баррасӣ гардида, мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дар ин замина ҳамчунин бо тартиби нақша-чорабиниҳо ҷиҳати пешгирии содиршавии кирдорҳои ҷиноятӣ дар байни ҷавонону ноболиғон дар мактабҳои миёна ва муассисаҳои таълимӣ, мулоқоту сӯҳбатҳои кушод, соати тарбиявӣ ва корҳои профилактикиро амалӣ намуда истодааст.
Зимни баргузории маҷлиси падару модарон дар муассисаҳои таълимӣ, кормандони милитсия бо намоиш додани филми мустанад дар бораи содиршавии кирдорҳои ҷиноятӣ аз ҷониби ҷавонону ноболиғон, доир ба масъалаҳои доғи рӯз аз қабили оворагардӣ, авбошиҳои гурӯҳӣ, дуздиву ғоратгарӣ, махсусан бемасъулиятии баъзе аз волидайн ҷиҳати таълиму тарбияи фарзанд бо овардани факту рақмҳои дақиқ суханронӣ намуданд.

254

Аз ҷумла зикр гардид, ки дар давоми 4-моҳи соли равон ҷиҳати бемасъулияии волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд, тибқи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2490 протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба суд ирсол гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки гарчанде аз қабули қонуни мазкур чандин сол сипарӣ гардида бошад ҳам, вале ҳамоно баъзе аз падару модароне ҳастанд, ки муқаррароти ин қонунро нодида гирифта, ба таълиму тарбияи фарзанди худ саҳлангорӣ мекунанд, ки ин омил оқибат ба сар задании қонуншиканиву ҷиноятҳои гушношунид меанҷомад.
Мутассифона ҳодисаю воқеаҳои солҳои охир, алалхусус муноқишаҳои гурӯҳӣ дар миёни мактаббачагон, содиршавии ҷиноят ва амалу кирдорҳои номатлуб аз тарафи онҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар баробари сатҳи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ беҳбудии ҷиддиро талаб намудан, ҳамзамон волидайн ва нафарони дар таълиму тарбияи фарзанд муваззафбударо мебояд, ҷиҳати ояндаи фарзандони худ бетараф набошанд. Зеро авбошиҳои гурӯҳии вақтҳои охир содиршуда, аз он далолат мекунад, ки беҳудагардию шабгардии ҷавонон волидайни онҳоро ба ташвиш наоварда, ба ҳар гуна амалу кирдорҳои зиддиҷамъиятиву ба ҷомеа хавфнок даст мезананд, ки ҷои нигаронист.
Дар ин росто муаасисаҳои таълимӣ, волидайн, аҳли ҷомеа ва тамоми шаҳрвандонро мебояд, нисбати ояндаи ҷавонону ноболиғон, ки қишри ояндасози миллату давлат ба шумор мераванд, бетараф набуда, баҳри ояндаи дурахшони онҳо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ диҳанд.
Мавриди зикр аст, кормандони ба муассисаҳо вобастагардидаи милитсияи пойтахт рӯзи панҷшанбеи ҳар ҳафта дар як қатор донишгоҳҳои олии кишвар ва тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт мулоқоту сӯҳбатҳо ва соати тарбиявӣ баргузор намуданд, ки ин иқдом барои пешгирӣ ва решакан намудани омилҳои мусоидаткунанда ба содиршавии қонуншиканӣ дар байни аҳолӣ, махсусан ҷавонону ноболиғон мусоидат хоҳад намуд.

 




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

04.08

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика