Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо донишҷӯён ва баррасии ҳалли мушкилоти онҳо

532Дар асоси дастуру нишондодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 11-уми майи соли 2018 бо ташаббуси Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ҷиҳати дастгирӣ ва кӯмаки донишҷӯёне, ки аз вилояти Суғд дар дигар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар таҳсил менамоянд, вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишҷӯёни дигар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар иштирок доштанд.
Чорабинии мазкур дар тарабхонаи «Қанд»-и шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз факултетҳои №2 ва №5 иштирок доштанд.

533
Дар ин чорабинӣ Раиси шаҳри Хуҷанд суханронӣ намуда, қайд кард, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушду нумӯъ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ соли 2018 дар Тоҷикистон «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид. Ҳамчунин Президенти мамлакат дар Паёми худ қайд намуданд, ки «Шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имкониятҳои беҳтаринро муҳайё кардааст».
Мақсад аз баргузории вохӯрӣ бо донишҷӯён бохабар шудан аз ҳолу аҳволи онҳо, расонидани кӯмак ва ҳалли мушкилоти иҷтимоии онҳо дар давоми таҳсил иборат буд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ барои донишҷӯён дастурхони идони ороста шуда, ҳар кадоми онҳо бо таҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Гузаронидани чунин намуди чорабиниҳо аз ҷониби шахсони мансабдори давлатӣ ҷиҳати фаро гирифтани дастгирии ҳаматарафаи донишҷуён ва курсантон саривақтӣ буда, барои боз ҳам хубтар аз бар намудани дониш ва касбу ҳунар ба онҳо кӯмак хоҳад кард.
Охматов С.Р., сержанти хурди милитсия

 




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика