Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қадршиносии устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон

578

Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буда, дар пешрафти иқтисодиёти мамлакат пайваста бо баргузории чорабиниҳои оммавию сиёсӣ ва фарҳангӣ, инчунин омодасозии кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон саҳмгузорӣ менамояд Ҳайати устодону донишҷӯёни донишгоҳ иқдомоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти баргузории суҳбату вохӯриҳо бо ҷавонону наврасон баҳри пешгирии шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ ва таҳкими ҳамкориҳо бо муассисаҳои таълимӣ дастгирӣ менамояд.

579

Донишҷӯёни мо ҳамчун пайравони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ояндагони кишвар кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то дар ободии Ватани азизамон ҳиссагузор бошанд. Онҳо бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдат ҳамсолони хешро ба тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рӯ овардан ба илму дониш даъват намоянд, - иброз намуд ректори ДДМИТ Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ зимни вохӯрие, ки Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ (ХПҲНҶ) ва аъзои фаъоли гурӯҳи «Авангард» бо донишҷӯёну устодони ин муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ доир намуданд.
Дар идома сардори ХПҲНҶ полковники милитсия Фаттозода Абдусаттор Абдуқаҳҳор мақсади вохӯриро шарҳ дода, аз ташаббусҳои Ҳукумати мамлакат ва мақомоти корҳои дохилӣ дар самти пешгирии ҷавонону наврасон аз кирдорҳои ношоиста, мубориза бо хатарҳои замони муосир ва бо роҳи рост раҳнамун сохтани насли созандаву ободкор изҳори андеша намуд.
Дар ин вохӯрӣ, ҳамчунин роҳбари гурӯҳи ҷавонони «Авангард» Фирӯз Қодиров ба сухан баромада, аз саҳму дастгирии раёсати ин донишгоҳ дар баргузории чорабиниҳо байни ҷавонон, «Аксияи соҳил», маҳфилҳои фарҳангиву мулоқотҳои судманд зимни сафарҳои гурӯҳи ҷавонон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат, бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ки аз ҷониби ВКД роҳандозӣ гардид, изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, ҳамсолони хешро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва илмҳои дақиқ даъват намуд.

580581

Дар анҷоми чорабинӣ сардори ХПҲНҶ А.Фаттозода барои ҳамкорӣ ва саҳми арзанда гузоштан дар таълиму тарбияи ҷавонон ба ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ медал «Барои ҳамкорӣ» супорид. Ҳамзамон, якчанд устодону донишҷӯёни фаъоли ин муассисаи таълимиро бо Ифтихорномаҳои фахрӣ сарфароз гардонид.
Инчунин, аз ҷониби ректори ДДМИТ ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ «Ифтихорнома»-ҳо тақдим карда шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки ҳайати мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷавонони гурӯҳи «Авангард» аз дастовардҳои илмиву варзишии донишҷӯёни ДДМИТ дидан намуда, ба онҳо муваффақияту комёбиҳо таманно намуданд.

Абдулло ШОҲИЁН,
Наврӯз ҶОБИРОВ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика