Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тренинги омӯзишӣ оид ба пешгирии зуроварӣ дар оила

18

Аз санаи 30 июл то 2 августи соли 2018 бо мақсади баланд бардоштани маҳорати касбӣ, баробарии гендерӣ ва пешгирии зуроварӣ дар оила дар Шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, бо супориши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ., муовинони сардори ШВКД-ҳо оид ба хизмат, нозирони минтақавии милитсия ва нозирони зуроварӣ дар оила тренинги омӯзишӣ ташкил ва гузаронида шуд.

19

Тренинг бо иштироки муовини сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД полковники милитсия Бандализода Б.М., устоди ДМТ Давлатшоев Маҳмадулло, корманди Донишкадаи идораи давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайруллоев Фаррух Сайфуллоевич, корманди ташкилоти ГОПА-и дафтари Шветсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоев Алишер, корманди Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД Бердиев Баҳром ташкил карда шуда, дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои ВМКБ баргузор гардид.
Дар рафти тренинг ба иштирокдорон сиклҳои зуроварӣ дар оила, сабабҳои зуроварӣ дар оила, мафҳум, намудҳо, шаклҳои содиршавии онҳо фаҳмонида дода шуд. Ҳамзамон барои минбаъд ҳам дар фаъолияти ҳаррӯза истифода намудани чунин шаклҳои кор ба нозирони минтақавии милитсия тавсияҳои зарурию муфид дода шуд.
Далер Чоршанбиев, капитани милитсия.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика