Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии кормандони милитсия бо сокинони ноҳияи Ш.Шоҳин

475

Рӯзи 4-уми майи соли 2018 дар ҷамоати деҳоти ба номи Нуриддин Маҳмудови ноҳияи Ш.Шоҳин вохӯрии роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон бо мақсади пурзӯр гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», пешгирии ҷиноятҳои марбут ба ифротгароӣ ва пешгирии ҷиноятҳо байни ҷавонону ноболиғон вохӯрии судманд бо иштироки кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо фаъолон, кормандони соҳаи тандурустӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, хатибони масҷидҳо, омӯзгорони ноҳия ва доираи васеи сокинон баргузор гардид.
Дар оғоз Раиси ноҳияи Ш.Шоҳин Зарифзода Почохон суханронӣ намуда, зикр кард, ки мардуми ноҳия бо итминони комил дар ҳама маврид метавонанд баҳри мубориза ва муқовимат бо ҷинояту ҷинояткорӣ ба мақомоти милитсия такя кунанд.
Сокинон ҳамеша аз вазъияти минтақа хабардор мебошанд ва пайваста метавонанд дар пешгирӣ ва рафъи падидаҳои халалдоркунандаи тартиботи ҷамъиятӣ саҳмгузор бошанд.

476477

Сипас, муовини сардори РВКД дар вилояти Хатлон полковники милитсия Вализода Илҳомиддин иброз дошт, ки ҳамкориҳои судманди милитсия бо ҷомеа яке аз самтҳои аввалиндараҷаи фаъолияти хизматии мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳисоб меравад, ки имрӯзҳо роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин самти фаъолият таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамоянд.
Дар фарҷом ба кормандони милитсия ва сокинони ноҳия дар самти таъмини волоияти қонун ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳудуди ноҳия изҳори миннтадорӣ намуда, ҳадаф аз ин вохӯриҳоро пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва дигар кирдору амалҳои номатлуб арзёбӣ намуд.
Чанд нафар аз сокинон ба роҳбарияти РВКД дар вилояти Хатлон оиди мушкилоти ҷойдошта саволу дархостҳо пешниҳод намуданд, ки мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Офоқ Қодириён




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика