Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Донишҷӯёни фаъол қадрдонӣ гардиданд

484

Дар доираи нақша-чорабиниҳои тасдиқнамудаи Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, имрӯз (07.05.с.2018) дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрии кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД (ХПҲНҶ) бо омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳи мазкур баргузор гардид.
Тавре дар оғози ин чорабинӣ сардори ХПҲНҶ ВКД полковники милитсия Фаттозода Абдусаттор Абдуқаҳҳор зикр намуд, ин муассисаи олии таълимӣ яке аз муассисаҳои куҳани ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, бо шарофати саъю кӯшиши маъмурияти он қоидаҳои таълиму тадрис дар донишгоҳи мазкур дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, тамоми талаботҳои таҳсил дар мактабҳои олии кишвар дар ин ҷо риояву иҷро мешаванд.
Дар идомаи ин вохӯрӣ, дар баробари баррасии масъалаҳои марбут ба ҳаёту фаъолияти ҷавонон, инчунин доир ба проблемаҳои доғи рӯз, аз қабили терроризму экстремизм ва ҳолатҳои ҷалб гардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ низ изҳори назар карда шуд.

485

Зикр гардид, ки ҳамкории Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, алалхусус Вазорати корҳои дохилӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, қисмате аз донишҷӯёни фаъоли ин донишгоҳ, ки аъзои гурӯҳи ҷавонони «Авангард» мебошанд, дар тамоми чорабиниҳои ҷамъиятии пойтахти кишвар ва вилояту шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастаҷамъона иштирок менамоянд. Аз ҷумла, онҳо чун ёварони кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ба ҳайси дружиначиёни ихтиёрӣ ва кормандони ғайриштатии милитсия, ҳангоми баргузории ҳама гуна ҷашну чорабиниҳои идона дар ҳифзу нигаҳдории тартиботи ҷамъиятӣ саҳмгузорӣ менамоянд.

486

Барои ин ва дигар ташаббусҳои наҷибона, бо фармони ВКД, ба роҳбарияти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ «Ифтихорномаи фахрӣ» ва ба як қатор донишҷӯёни ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ Сипосномаву Раҳматномаҳо аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро супорида шуданд.
Барномаи фарҳангию ҳунарии омоданамудаи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ анҷомбахши ин ҷамъомад гардид.
Абдулло ШОҲИЁН,
Дилшод ХОЛОВ




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика