Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории соати тарбиявӣ бо иштироки кормандони милитсия дар тамоми муассисаҳои таълимии пойтахт

419

Ҳамкории мутақобилан судманди милитсия бо ҷомеа яке аз самтҳои аввалиндараҷаи фаъолияти хизматии мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳисоб меравад, ки имрӯзҳо роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин самти фаъолият таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамоянд.
Баргузории мулоқоту вохуриҳои кормандони милитсия бо аҳли ҷомеа, хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ ва дигар табақаҳои гуногуни ҷомеа имконият медиҳад, то ки иштирокдорон аз вазъияти криминогении минтақа хабардор гардида, дар пешгирӣ ва рафъи зуҳуроти халалдоркунандаи тартиботи ҷамъиятӣ саҳмгузор бошанд.
Субҳи имрӯз (26.04.с.2018), дар доираи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ҷиҳати татбиқи Қарори Раиси шаҳр аз 1 феврали соли ҷорӣ "Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе” дар басти аввали дарсии ҳамаи 123 муассисаҳои таҳсилоти миёни умумии шаҳри Душанбе (ба ғайр аз мактабҳое, ки барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ пешбинӣ шудаанд) дарсҳои тарбиявӣ ташкил карда шуд. Дар соати тарбиявӣ тамоми кормандони милитсияи пойтахт, ки бо фармони махсуси Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе таҳти №51 аз 23-юми феврали соли 2018 вобаста гардида буданд, иштирок намуданд.

420

Дар дарсҳои соати тарбиявӣ ҳамчунин омӯзгорону роҳбарони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд. Зимни суханронӣ кормандони милитсия доир ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ ва муноқишаву авбошиҳои гурӯҳӣ байни муассисаҳои таълимӣ ҳарф зада, ба хонандагон филми мустанаде, ки доир ба ҷиноятсодиркунии баъзе аз хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ қисса мекунад ва аз кирдорҳои кардаашон пушаймонӣ изҳор намудаву имрӯз дар назди қонун ҷавоб гуфтаанд ва ё маҳбасӣ гардидаанд, намоиш дода шуд.

421

Ташаббуси мазкур иқдоми навбатии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар самти пешгирии ҳуқуқваронкуниву ҷинояткорӣ, шомилшавии ноболиғон ва ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, ҳолатҳои бо мошинҳои шахсӣ, телефонҳои мобилӣ ва бо сару либоси ғайритавсиявӣ ҳозир шудани хонандагону донишҷӯён ва ташкили назорати доимӣ дар муассисаҳои таълимӣ буда, бо назардошти талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи маориф” ва Фармоишоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба баъзе масъалаҳои ба танзим даровардани раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои ибтидоӣ, миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ” роҳандозӣ гардидаааст.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика