Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санҷиши мақсаднок дар коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон

428

Имрӯз (27.04.с.2018), дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқнамудаи Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо намояндагони Вазорати маориф дар муассисаи таълимии ғайридавлатиии коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон санҷиши мақсаднок ва сӯҳбату вохӯриҳои судманд доир намуданд.
Санҷиш ошкор кард, ки новобаста аз дастовардҳо ва пешравию ободкориҳо, камбудиҳо ҳануз дар коллеҷи мазкур ҷой дорад. Мушоҳида гардид, ки бархе донишҷӯён на дар вақти муайян, балки дертар ва бо телефонхои мобилӣ ва сарулибоси ғайритавсиявӣ ба дарс ҳозир мегарданд.
Зимни вохӯри бо донишҷӯёни коллеҷи мазкур намояндагони ВКД онҳро ба донишомӯзиву хониши намунавӣ, эҳтироми волидону устодон, садоқату муҳаббат ба халқу Ватан ва дури ҷӯстан аз рафиқону ашхоси ҷиноятпеша ва амалҳои ғайриқонунӣ ҳидоят намуданд.

429

Муовини сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД полковники милитсия Мирзозода Абдуқодир Довуд аз содиршавии ҷиноятҳову қонуншиканӣ, гаравидани ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дигар амалҳои ношоиставу оқибатҳои ногувори он мисолҳо оварда, аз дастоварду натиҷаҳо, рушду тараққиёт ва ободу зебо гаштани Ватани азизамон ёдоварӣ намуда, махсус қайд намуд, ки вазифаи аввалиндараҷаи шумо донишҷӯён ин таҳсили аъло ва рафтори шоистаи таҳсин мебошад.
Қайд кардан зарур аст, ки чунин вохӯриву сӯҳбатҳои муфид дар дигар донишкадаву донишгоҳ ва коллеҷу муассисаҳои таълимии кишвар ба нақша гирифта шудааст.
Абдулло Шоҳиён
Хуҷанд-Душанбе

 

 




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

2909

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика