Тарбияи ҷавонони ватандӯсту худогоҳ, донишманду соҳибтахассус аз ҳадафҳои сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки пояи ин сиёсати ояндабинонаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузоштаанд.
Дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба ҷавонон рӯз аз рӯз бештар гардида, барои тарбия, роҳнамоӣ ва тавсеаи қобилияти ҷавонон заминаҳои воқеъӣ фароҳам оварда шудааст. Ташкили суҳбату мулоқот бо ҷавонон ба хусус донишҷӯён аз таъсиррасониҳои тарбиявие мебошад, ки масъулини мақомоти давлатӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ҷаҳонбинӣ, сайқали шуур ва зеҳни ҷавонон истифода мебаранд.
Бо назардошти ҳамин омил роҳбарияти Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд санаи 26 апрел мулоқот ва вохӯрии хешро бо донишҷӯёну устодони яке аз донишгоҳҳои бонуфузи кишвар ва минтақаи Суғд – Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баргузор намуд.
Донишгоҳи мазкур офаридаи даврони истиқлолияти Тоҷикистон аст, ки дар соҳаҳои гуманитарӣ ва иқтисодӣ мутахассисони ватаниро омода менамояд. Дар 6 факултети донишгоҳ - «Ҳуқуқшиносӣ»; «Бизнес ва идоракунӣ»; «Сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ»; «Молия»; «Иноватсия ва телекомуникатсия»; «Баҳисобгири ва андоз» зиёда аз 6 ҳазор донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудааст.
Вохӯрии мазкур дар кохи фарҳанги «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он 500 нафар донишҷӯёни донишгоҳ, ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» ва устодони муассисаи номбурда иштирок намуданд.
Ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шарифзода Мумин Машокир вохӯриро оғоз бахшида ҳадафи чорабиниро шарҳ дод. Гуфта шуд, ки иқдоми роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии вилоятро, ки маҳаки асосии он тарбия ва ба амалҳои шоиста ҳидоят намудани ҷавонон аст маъмурияти донишгоҳ ба маврид ҳисобида ҷонибдорӣ менамояд.
Зимни суханронӣ номбурда аз фаъолияти шабонарӯзии кормандони МКД ҳарф зада саҳми онҳоро дар таъмини волоияти қонун, пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ арзишманд хонд.
Сардори Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо суханронӣ намуда, ҳамкории муассисаҳои таълимиро бо мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд дар ташкил ва баргузор намудани мулоқотҳо ва сӯҳбати ошкоро доир ба масъалаҳои пешгирии ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, нақши пурсамар гузоштан дар ташаккули ҷомеаи солим назаррас арзёбӣ намуд. Мавсуф зимни суханрониаш аз саҳми ҷавонон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони соҳибистиқлол, дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти Олии кишвар ҳарф зад. Ҷавононро барои соҳиб гардидан ба унвони донишҷӯӣ ситоиш намуда сардори милитсияи вилоят аз онҳо даъват ба амал овард, ки сазовори номи донишҷӯ бошанд. Вақтро зоеъ нагузаронида пайваста биомӯзанд, барои соҳибкасб ва мавқеъи худро дар зиндагӣ ёфтан талош намоянд. Ҳамчун мутахассиси варзида ба камол расанду фахри натанҳо падару модар, балки Тоҷикистон гарданд.
Сипас сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Қудратулло Назарзода оид ба вазъи ҷинояткорӣ дар миқёси вилоят ба хусус миёни ҷавонон суханронӣ намуда мисолҳои воқеъиро аз фаъолияти мақомот ба самъи ҳозирин расонид.
Дар фарҷоми суханронӣ Қудратулло Назарзода аз омӯзгорону донишҷӯён ва ҷавонони пешсафи ҷомеа даъват ба амал овард, ки барои гул-гулшукуфии Тоҷикистон ҳиссагузор бошанд. Нерӯи худро ба корҳое сарф намоянд, ки ба манфиати ҷомеа нигаронида шудааст. Дар чорабиниҳои профилактикии ташкил менамудаи МКД, аз ҷумла амалиёти “Маданияти шаҳрдорӣ” фаъолона иштирок намоянд.
Барои ҳамкорӣ бо шаҳрвандон дар ВКД ва сохторҳои поёнии он заминаҳои воқеӣ ба мисли “Телефони боварӣ”, “Телефони мадад”, “Сомонаи ВКД” мавҷуд аст, ки шаҳрвандон метавонанд дар ҳолатҳои зарурӣ аз он истифода намоянд.
Дар қисмати дуюми чорабинӣ донишҷӯён ва омӯзгорон баромад намуда, миннатдории ҳайати донишҷӯён ва устодони муассисаро ба роҳабарияти мақомоти корҳои дохилӣ барои чунин як мулоқоти судманд, ки тарғибгари тарзи ҳаёти солим ва раҳнамунсозандаи рӯзгори босаодат расониданд. Донишҷӯён ваъда доданд, ки маълумоти дар вохӯрӣ шунидаро ба ҳамсабақон ва рафиқонашон мерасонанд.
Акбар Шарифов
капитани милитсия.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>