Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Донишҷӯён бо милитсия ҳамкорӣ кардан мехоҳанд

 

450

Рӯзи 1-уми майи соли 2018, вохӯрии навбатии роҳбарияти Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва коҳиш додани сатҳи ҷиноткорӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла ҷавонон бо донишҷӯёну омӯзгорони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. 

451

Дар мулоқот донишҷӯён аз се факултети донишкада – «Иқтисодиёт ва технологияи иноватсионӣ», «Тиҷорат, гумрук ва ҳуқуқ» ва «Молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ» иштирок доштанд.
Пеш аз оғози мулоқот филми мустанади ҳадафи тарбиявӣ дошта, ки дар асоси далели парвандаҳои ҷиноятӣ таҳия гардида, аз оқибати гумроҳии ҳамватанони мо гаравиш ба гурӯҳҳои террористӣ, нафарони қасди хиёнат дошта ва зуҳуроти номатлубе ба мисли бегонапарастӣ қисса менамуд, манзур гардид.
Маърӯзаи сардори РВКД дар вилояти Суғд генарал-майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо на танҳо масъалаҳои ҷинояту ҷинояткорӣ, балки фарогири паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти воқеъиро дар бар мегирифт. Муноқишаҳои оилавӣ ва дар заминаи он содиршавии ҷиноятҳои вазнин, ҳолатҳои аз беназоратии волидайн ба каҷрафторӣ ва пайроҳаи ҷиноят пой ниҳодани ноболиғон, таъсири омилҳои манфии муҳоҷират, пайвастани баъзе сокинони вилоят ба гурӯҳҳои террористӣ, бегонапарастии занону духтарон, вазъи садаманокӣ ва вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ҳамчун мавзӯъҳои доғ ва истиробангез мавриди баррасию масъалагузории роҳбари мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд қарор гирифт.
Дар мулоқот таъкид карда шуд, ки танҳо ба шарофати ҳушёриву зиракии сиёсӣ, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, садоқат ва меҳру муҳаббати бепоён ба обу хоки диёри маҳбубамон метавонем ҳамчун як нерӯи тавоно тамоми мушкилоти мавҷудаи ҷомеаи имрӯзаро бартараф, тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ, зиндагии орому осуда, бехатарии худ ва аҳли пайвандонамонро таъмин намоем.

452

Сардори Раёсат аз донишҷӯён ҳамчун як табақаи фаъоли ҷомеа даъват ба амал овард, ки баҳри поку озода нигоҳ доштани маркази маъмурии вилоят шаҳри Хуҷанд ва дигар гӯшаҳои диёрамон ташаббускор бошанд. Натанҳо худ балки дигаронро ба тозакорӣ ҳидоят намоянд. Тарғибгари тарзи ҳаёти солим ва амалҳои ватандӯстона бошанд.
Баъди маърузаи Назрзода Қ.Б., байни иштирокчиён ва сардори Раёсат доири масъалаҳои мубрами рӯз, мавзӯъҳои дар маъруза зикр гардида, суҳбати ошкоро ҷараён гирифта донишҷӯёни фаъол ба роҳбарияти мақомоти милитсияи вилоят таклифу пешниҳодҳои худро баён намуданд. Мунтазам доир намудани вохӯриҳои кормандони милитсия бо донишҷӯён, муҳокимаи аъмоли ношоистаи донишҷӯёни ҷиноят содир намуда дар муассисаҳои таълимӣ, тартиби ба сафи мақомоти корҳои дохилӣ ба кор даромадан ва ҳамкорӣ бо милитсия аз пурсишу дархости донишҷӯён буд, ки ҷавоби қонеъкунанда гирифтанд.
Аксарияти иштирокчиёни мулоқот хоҳиши ҳамкорӣ бо милитсияро намуда изҳор доштанд, ки омодаанд дар чорабиниҳои ташкил менамудаи мақомоти корҳои дохилӣ, ки ба хотири пешгирии ҷинояткорӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон баргузор мегардад, иштирок намоянд.
Дар хотима ректори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд номзади илмҳои иқтисод Олимӣ Рауф Латифзода иқдоми роҳабарияти мақомоти корҳои дохилиро дар баргузор намудани мулоқоти мазкур ва суҳбати озоду ошкоро муфид хонда, таъкид дошт, ки чунин мулоқотҳо метавонад маърифати донишҷӯёнро баланд бардорад.
Акбар Шарифов, капитани милитсия




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика