Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санҷиш дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд

446

Дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқнамудаи Вазорати корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам дар донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷу дигар муассисаҳои таълимӣ санҷишҳои мақсаднок, вохӯриву сӯхбатҳои муфид, барои пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва дигар амалҳои номатлуб дар байни донишҷӯёну муҳассилини муассисаҳои таълимӣ баргузор карда мешавад.
Бо ҳамин мақсад дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд чунин чорабинии мақсаднок аз ҷониби кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонон (ХПҲНҶ)-и ВКД доир карда шуд.
Чорабинии пешгирикунанда ошкор кард, ки ҳанӯз камбудиҳо дар коллеҷи мазкур ҷой дорад. Бархе донишҷӯён бо сару либоси ғайритавсиявӣ, мӯйҳои расида ва берун аз низомнома бо телефонҳои мобилӣ ба дарс ҳозир мешаванд. Ҳангоми санҷиши хобгоҳи коллеҷ муайян гардид, ки аксарияти донишҷӯён бе қайди зист дар хобгоҳ зиндагонӣ доранд.

447

Кормандони ХПҲНҶ ВКД бо донишҷуёни Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ доир намуда, дар бораи вазъи ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, хусусан дар байни донишҷӯёни макотиби олии кишвар ва чораҳои андешидашудаи кормандони милитсия дар ин самт, мухтасар маълумот доданд.
Дар идомаи суханронӣ муовини сардори ХПҲНҶ ВКД полковники милитсия Мирзозода А.Д. зикр кард, ки ҷавонон ояндаи давлату миллат буда, ободӣ, пойдории сулҳу суботи кишвар аз онҳо вобастагии калон дорад. Ҷавонон бояд вақти таҳсили худро танҳо дар омӯхтани илму дониш сарф намуда, ба беҳудагардию шиносоӣ бо ашхоси тасодуф роҳ надиҳанд. Дар мубориза ва муқовимат бо ҷинояту ҷинояткорӣ ҳамеша метавонанд ба мақомоти милитсия такя кунанд.
Роҳбарияти коллеҷ ва донишҷӯён аз вохӯрӣ бо кормандони милитсия ва баргузории чунин як сӯҳбати пурмӯҳтаво изҳори қаноатмандӣ карданд.
Шоҳиён Абдулло
Хуҷанд-Душанбе

 




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

2909

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика