Имрӯз (02.05.с.2018), дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайрокунӣ байни ноболиғон ва ҷавонон (ХПҲНҶ)-и ВКД ва ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» бо донишҷӯён ва омӯзгорони ин боргоҳи илм вохӯрӣ доир намуданд. Қайд гардид, ки ҳадаф аз баргузории чунин як чамъомад, ин пешгирии қонуншиканӣ дар байни ҷавонон, бахусус донишҷӯён, бо илму дониш фаро гирифтан ва иштироки фаъоли онҳо дар дарсҳо мебошад.
Зимни суханронӣ муовини сардори ХПҲНҶ ВКД полковники милитсия Мирзозода Абдуқодир Довуд иброз дошт, ки яке аз масоили асосӣ ва доғи рӯз ин пеш аз ҳама дуруст ба рох мондани сатҳи таълиму тарбия ва назорати доимии донишҷӯёни муассисаҳои олии кишвар мебошад. Зикр гардид, ки вазифаи мову шумо ин аст, ки дар якчоягӣ ҷиҳати пешгирӣ намудани қонуншиканӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифродгаро ва даст задани онҳо ба ҷинояту ҷинояткорӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, пеши роҳи содиршавии амалҳои номатлубро бигирем.
Дар идомаи чорабинӣ аъзои фаъоли гурӯҳи «Авангард» Фирӯз Қодиров дар мавзӯи «Ҳифзи истиқлолият ва дастовардҳои он» баромад намуда, изҳор дошт, ки дар даврони сулҳу субот ва ба даст овардани истиқлолияти кишвар, баҳри пешрафт ва тараққиёти тамоми соҳаҳо шароит фароҳам оварда шудааст. Ҳукумати мамлакат ҷиҳати илмомӯзӣ, аз бар намудани забонҳои хориҷӣ ва технологияи муосир баҳри насли ояндасози миллат ҳамаҷониба ғамхорӣ намуда, пайваста таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад. Номбурда изҳор дошт, ки бо ташаббуси созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 ҳамчун соли «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид, ки чунин ибтикор барои инкишофу рушди ҳунарҳои мардумӣ, ташаккули сайёҳӣ мусоидат менамояд.
Нозири шуъбаи ҷавонони ХПҲНҶ ВКД капитани милитсия Каримов Меҳрубон атрофи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки танҳо дар якҷоягӣ бо мактабу маориф ва аҳли ҷамоатчигӣ мо метавонем, пеши роҳи ҷинояткории ҷавононро бигирем.
Дар анҷоми чорабинӣ донишҷӯён ба намояндагони ВКД саволҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас барои худ пайдо намуданд.
Роҳбарияти Донишгоҳи мазкур барои доир намудани чунин як вохӯрии пурмӯҳтаво ба намояндагони ВКД изҳори миннатдорӣ баён намуданд.
Шоҳиён Абдулло
ш. Хуҷанд
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>