Имрӯз (02.05.с.2018), дар Донишгоҳи давлатии ба номи Моёншо Назаршоеви шаҳри Хоруғ вохӯрии сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб бо устодон ва донишҷӯён баргузор гардид, ки дар он ректори Донишгоҳи шаҳри Хоруғ Ҷонмамадов Шермамад, кормандони Раёсати кор бо ҷавонон, шуъбаи пешгирии ҳуқуқвайронкунии байни ноболиғону ҷавонони РВКД дар ВМКБ ва ҷавонони фаъоли гурӯҳи “Авангард” иштирок намуданд.
Сухани ифтитоҳиро ректори донишгоҳ оғоз намуда, сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб бо такя ба Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки кишвари мо роҳи ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳраванд мебошад.
Дар рафти вохурӣ сардори РВКД дар ВМКБ баён намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатии ҷавононро дар мадди назари хеш қарор дода, баҳри фаъолияти минбаъдаи эшон ташаббусҳои зиёдро равона менамояд. Ба донишҷӯён таъкид намуд, ки аз илмҳои замони муосир пайваста истифода намуда, ҷиҳати азхуд намудани донишҳои замонавӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд. Гуфта шуд, ки дар зарфи 26-соли истиқлолияти Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ дар қаламрави ВМКБ чандин иншоотҳои таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Шумо ҷавонон бояд дар ободкориву бунёдкорӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани диёри азизамон ҳиссагузор бошед. Аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки дар ҷавоб ба чунин ғамхориҳо ҳар як ҷавон бояд пайваста дар ҷустуҷӯи донишомузӣ, навоварӣ ва бозёфтҳо дар илмҳои дақиқро ихтиёр намояд, чаро ки ояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз насли созандаи кишвар вобастагии калон дорад.
Зимни вохӯрӣ бо донишҷӯён, инчунин дар бораи ташкил гардидани гурӯҳи “Авангард” дар байни ҷавонони ВМКБ сухан рафта, нақши муассири онҳо дар бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳамкорӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ қайд карда шуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ аз тарафи ҷавонону донишҷӯён саволҳо ва дархостҳо ба миён омада, аз тарафи сардори РВКД дар ВМКБ посухҳои асоснок гирифтанд.
Далер Чоршанбиев
капитани милитсия
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>