Баҳри пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, авбошиҳои гурӯҳӣ миёни ҷавонону ноболиғон алалхусус хонандагони муассисаҳои таълимӣ, ҷиҳати иҷроиши Қарори Раиси шаҳри Душанбе таҳти №63 аз 30 январи соли 2018 “Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе” бо дастуру супоришҳои роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дарсҳои тарбиявию силсилавохӯриҳо дар тамоми муассисаҳои таълимии ҳудуди пойтахт ташкил ва баргузор гардида истодаанд.
Мавриди зикр аст, ки ҳамкории мутақобилан судманди милитсия бо ҷомеа яке аз самтҳои аввалиндараҷаи фаъолияти хизматии мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳисоб рафта, имрӯзҳо роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба ин самти фаъолият таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамоянд. Зеро маҳз дар ҳамбастагӣ метавон ҳамагуна амалу кирдори зиддиҳуқуқиро дар ҷомеа пешгирӣ намуд.
Ин аст, ки кормандони РВКД дар шаҳри Душанбе тибқи дастуру супоришҳои роҳбарият бо тартиби нақша-чорабиниҳо, баргузории мулоқоту вохӯриҳои кормандони милитсия бо аҳли ҷомеа, хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ ва дигар табақаҳои гуногуни ҷомеаро ба роҳ мондаанд. Чунин мулоқот ва суҳбатҳои озоду ошкорои кормандони мақомоти милитсия имконият медиҳад, то ки иштирокдорон аз вазъияти криминогении минтақа хабардор гардида, дар пешгирӣ ва рафъи зуҳуроти халалдоркунандаи тартиботи ҷамъиятӣ саҳмгузор бошанд.
Рӯзи 3-юми майи соли 2018 дар доираи дастуру супориш ва қарори Раиси шаҳри Душанбе дар басти дувуми дарсии ҳамаи 123 муассисаҳои таҳсилоти миёни умумии шаҳри Душанбе дарсҳои тарбиявӣ, мулоқоту суҳбатҳои ошкоро ташкил карда шуда, филми мустанад дар самти ҷинояту ҷинояткории ҷавонону ноболиғон намоиш дода шуд. Дар соати тарбиявӣ тамоми кормандони милитсияи пойтахт, ки ба Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт вобаста гардида буданд, иштирок намуданд.
Аз ҷумла, дар МТМУ №101-и ноҳияи Сино сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони РВКД дар шаҳри Душанбе, полковники милитсия Иброҳимов Баширхон ва дигар кормандони милитсия, ки дар ин муассиса вобаста гардида буданд, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Номбурда зимни баромади худ доир ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ ва муноқишаву авбошиҳои гурӯҳӣ байни муассисаҳои таълимӣ ҳарф зада, иброз дошт, ки мутаасифона ҳодисаю воқеаҳои солҳои охир, алалхусус муноқишаҳои гурӯҳӣ дар миёни мактаббачагон, содиршавии ҷиноят ва амалу кирдорҳои номатлуб аз тарафи онҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки сатҳи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ беҳбудии ҷиддиро талаб намуда, ҳамзамон волидайн ва нафарони дар таълиму тарбияи фарзанд муваззафбударо мебояд, ҷиҳати ояндаи фарзандони худ бетараф набошанд. Зеро авбошиҳои гурӯҳии вақтҳои охир содиршуда, аз он далолат мекунад, ки беҳудагардию шабгардии ҷавонон волидайни онҳоро ба ташвиш наоварда, фарзандони онҳо ба ҳар гуна амалу кирдорҳои зиддиҷамъиятиву ба ҷомеа хавфнок даст мезананд, ки ҷои нигаронист.
Дар ин росто муаасисаҳои таълимӣ, волидайн, аҳли ҷомеа ва тамоми шаҳрвандонро мебояд, нисбати ояндаи ҷавонону ноболиғон, ки қишри ояндасози миллату давлат ба шумор мераванд, бетараф набуда, баҳри ояндаи дурахшони онҳо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ диҳанд.
Бояд гуфт, ки ташкилу баргузории вохӯриҳои мазкур ташаббус ва иқдоми навбатии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар самти пешгирии ҳуқуқваронкуниву ҷинояткорӣ, шомилшавии ноболиғон ва ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, ҳолатҳои бо мошинҳои шахсӣ, телефонҳои мобилӣ ва бо сару либоси ғайритавсиявӣ ҳозир шудани хонандагону донишҷӯён, сар задани ҷиноят махсусан авбошиҳои гурӯҳӣ ва ташкили назорати доимӣ дар муассисаҳои таълимӣ мебошад.
Сироҷиддин Шукуров
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>