Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар ноҳияи Кӯшониён

283

Рӯзи 20-уми марти соли ҷорӣ бинои нави минтақаи хизматии милитсия ва Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар назди Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Кӯшониён ифтитоҳ гардид.
Дар маросими кушодашавии бинои мазкур сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон генерал-майори милитсия Солеҳзода Искандар, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД генерал-майори милитсия Шодмонзода Фарҳодбек, сардори ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён подполковники милитсия Бурҳониён Олимҷон, раиси ноҳияи Кӯшониён Ҷаббори Ғаффор, намояндаи Сафорати Амрико дар Тоҷикистон Кевин Ковер ва намояндаи ташкилоти «Сейферворлд» (Дунёи бехатар) Фердинанд Никола иштирок намуданд.

284285

Дар оғози суханронӣ сардори Раёсати мазкур Солеҳзода Искандар иштирокдоронро ба муносибати иди пирӯзӣ, меросии ниёгон – Наврӯзи оламафрӯз табрику таҳният гуфта, миннатдории кормандони мақомотро барои кӯмак ва дастгирӣ дар сохтмони Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ ва ташкилоти «Дунёи бехатар» бо дастгирӣ ва кӯмаки Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон сохта шудааст, иброз дошт.
Инчунин дар рафти чорабинӣ роҳбари ташкилоти байналмилалии «Дунёи бехатар» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фердинанд Никола ба сухан баромада, қайд кард, ки дар доираи амалисозии Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020 кушодашавии бинои хизматии милитсия ва Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа боз як қадами нав дар татбиқи ислоҳоти милитсия мебошад.

286287

Дар навбати худ чанд нафар аз кормандони милитсия баромад намуда, иброз доштанд, ки ҳамеша ба савганди худ содиқ монда, дар пешгирии ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо дар ҷомеа ва ҳифзи хоку оби ин сарзамини биҳиштосо сарбаландона хизмат хоҳанд кард.
Қодириён Офоқ

 




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика