Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кӯмак ба ниёзмандон - яке аз оинҳои наврӯзӣ

288

Ҳамасола дар арафи ҳар иду ҷашнвораҳо ба оилаҳои ниёзманд бо мусоидати бевоситаи роҳбарияти ВКД дар ВМКБ кӯмаку дастгириҳо расонида мешавад.
Дар арафаи Иди байналмилалии «Наврӯз» бо дастгирии сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб маводҳои озуқаворӣ, аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ ба оилаҳои камбизоат дар шаҳри Хоруғи ВМКБ ба шаҳрванд Имомодов Азиз, сокини маҳаллаи Дашти-Боло, кӯчаи Иматшо, хонаи №10 ва Сайидикова Ҷаҳонбегим сокини маҳаллаи Хоруғи боло, кӯчаи Қирғизистон, хонаи №8 расонида шуд.

289

Ҷаҳонбегим Сайидикова ва Имомодов Азиз барои дастгирӣ ва ғамхории роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва РВКД дар ВМКБ миннатдории худро самимона баён намуда, таманниёти худро барои Иди байналмилалии «Наврӯз» баён доштанд.
Далер Чоршанбиев, капитани милитсия.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика