Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кушодашавии Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар ноҳияи Ванҷ

143

Рӯзи 28 марти соли 2018 дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ дар доираи ислоҳоти милитсия ва таҳким бахшидани ҳамкории кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо шаҳрвандон маросими ифтитоҳи Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа баргузор гардид. 

144145

Марказ аз се утоқи корӣ иборат буда, якеаш барои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ду утоқи дигар барои нозирони минтақавӣ ҷудо карда шуда, ҳамаи утоқҳо бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳхаз гардидаанд.
Дар чорабинӣ Раиси ҳукумати ноҳияи Ванҷ Раҷабова Давлатбибӣ, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД генерал-майори милитсия Шодмонзода Фарҳодбек, сардори ШВКД дар ноҳияи Ванҷ полковники милитсия Зикриёзода Ҷурахон, намояндагони Сафорати Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҷеймс Берг, ташкилоти “Дунёи бехатар” Хирад Каргасов ва Зоҳир Асаншоев, Шӯрои ҷамъиятии вилоятӣ Манучеҳр Холиқназаров, ташкилоти шарик аз шаҳри Хоруғ Некруз Наврузов ва дигар намояндагони Шӯрои ҷамъиятӣ ва аҳли ҷамоатчигӣ иштирок намуданд.

146

Чорабинӣ дар сатҳи баланди фарҳангӣ ташкил ва баргузор гардид.
Гул Маҳбуба




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика