Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҳкими ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ манфиатовар мебошад

327

Таҳкими ҳамкорӣ миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мактабу маориф ва оила аз масъалаҳоест, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дарҷ гардидааст. Ҳамин аст, ки дар асоси нақша-чорабиниҳои муштараки Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати маориф ва илм дар муассисаҳои таълимӣ пайваста вохӯриҳои кормандони милитсия бо омӯзгорону хонандагон ва волидони онҳо гузаронида мешаванд.
Аз ҷумла чунин як ҷамъомади судманд бо иштироки роҳбарият ва кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони (ХПҲНҶ) ВКД дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе доир гардид.

328

Дар вохӯрие, ки дар ин мактаб баргузор гардид, беш аз 400 нафар омӯзгорону волидон ва мактаббачагон иштирок намуданд. Зимни баромад дар ин чорабинӣ сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Азизӣ Муҳаммадалӣ Миралӣ доир ба масъалаи дастгириҳои соҳаи маориф аз ҷониби роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ёдовар шуда, зикр кард, ки маҳз натиҷаи ҳамин гуна ғамхориҳо аст, ки хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт ба як қатор дастовардҳо ноил гардидаанд.
Сардори ХПҲНҶ ВКД полковники милитсия Фаттозода Абдусаттор Абдуқаҳҳор дар навбати худ аз пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ андешаронӣ намуда, изҳор дошт, ки яке аз чунин бахшҳо, ки тайи ин солҳо ба пешравиҳои зиёд ноил гардидааст, соҳаи мактабу маориф мебошад.
Дар идомаи суханронии худ мавсуф аз эълон гардидани соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ёдовар шуда, иброз намуд, ки ин ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ба таври шоиста муаррифӣ намудани Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҷаҳониён андешида шудааст.
Тавре ӯ зикр кард, дар доираи ин иқдоми наҷиби Роҳбари давлат, бо дастгирии роҳбарияти ВКД, Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони мақомоти корҳои дохилӣ дар саросари кишвар як қатор чорабиниҳо гузаронида истодааст, ки боварӣ аст ин тадбирандешиҳо ба пешрафту шукуфоии кишвари азизамон мусоидат хоҳанд кард.
Абдусаттор Фаттозода зимни баромад, ҳамчунин ба паҳлӯҳои гуногуни қонунгузориҳои соҳа низ дахл намуд. Аз ҷумла, ба андешаи ӯ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» волидонро вазифадор менамояд, ки барои саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзандон ғамхорӣ карда, онҳоро дар рӯҳияи ватанпарварӣ, эҳтироми падару модар, риояи арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбия намоянд. Ҳамзамон, мавсуф ба хотири ошноӣ пайдо намудани иштирокчиёни ҷамъомад бо вазъи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон оид ба ин масъалаи муҳим низ изҳори андеша намуд.

329

Дар ин мулоқоти судманд, ки кормандони Шуъбаи 2-юми ВКД дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт низ иштирок доштанд, доир ба паҳлӯҳои дигари ҳаёту фаъолияти ноболиғон ҳам изҳори андеша карда шуд. Аз ҷумла, тавре зикр карда шуд, мактаб барои ҳар як фард макони омӯзиши илму дониш ва маркази таълиму тарбия мебошад. Омӯзгорони мактаб бошанд, дар навбати худ ҷаҳонбинӣ, ҳисси ватандӯстиву зебоипарастӣ ва одобу ахлоқи ҳамидаи хонандагонро такмил медиҳанд.
Дар вохӯрӣ, инчунин омӯзгорону волидон низ изҳори андеша намуданд. Аз ҷумла, тавре масъулини муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и ноҳияи Шоҳмансур изҳор доштанд, баргузории суҳбату корҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарафи кормандони милитсия дар муассисаҳои таълимӣ боиси дастгирӣ буда, чунин чораандешиҳо барои пешгирии паҳншавии амалҳои номатлуб дар байни насли наврас таъсири мусбат мерасонад. Тавре зикр гардид, дар масъалаи тарбияи насли наврас ҳар як фарди ҷомеа бояд бетараф набошаду ҳар як волидайн дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» саҳмгузор бошад.
Абдулло Шоҳиён,
Дилшод Холов.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика