Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо фаъолони шаҳри Душанбе

366

Ҷиҳати иҷроиши дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва ободу зебо гардонидани муҳити атроф, махсусан шаҳри Душанбе, пешгирии падидаҳои халалдоркунандаи тартиботи ҷамъиятӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ ва гаравидани ҷавонон ба равияҳои номатлуб, бартарафнамоии омилҳои халалдоркунандаи симои шаҳр, махсусан риоя намудани одоби шаҳрнишинӣ ва даҳҳо масъалаҳои ҳалталаб бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе вохӯрии судманд бо фаъолону аҳли ҷамоатчигӣ, кормандони масъули сохторҳои дастгоҳи раиси шаҳр ва Ҳукумати пойтахт, аз ҷумла занон, ҷавонон, ходимони дин, раисони шаҳраку маҳаллаҳо, роҳбарони бозорҳо ва марказҳои савдо, фаъолон, намояндагони мақомоти марбутаи корҳои дохилӣ, прокуратура, суд, амният, вакилони халқии Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе ва намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеа иштирок доштанд, ки дар толори Филармонияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷуруев баргузор карда шуд.

367

Дар мулоқот зикр гардид, ки «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани соли 2018, ки ташаббуси навбатӣ ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, дар самти тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ нақши муҳим мебозад. Махсусан эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ, фарҳанг ва маданияти миллӣ, яке аз самтҳои афзалиятнок дар замони муосир ба ҳисоб меравад, зеро дар баробари пешрафту тараққиёти босуръати илму техника ва бархурди тамаддунҳо пос доштани арзишҳои миллӣ ва эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ барои нигоҳ доштани миллат аз хатарҳои замони муосир лозим шуморида мешавад.
Нахуст вохӯрии мазкурро муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ оғоз бахшида, ҷиҳати ҷараёни корҳои ободонӣ дар доираи эълон гардидани “120-рӯзи корҳои обонӣ дар Душанбешаҳр” сухан ронда, аз ҳозирин барои саҳм гузоштан дар пешрафту шукуфоии ватани азизамон, махсусан пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе даъват ба амал овард.
Зимни суханронӣ номбурда аз фаъолияти шабонарӯзии кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳарф зада, саҳми ниҳодҳои қудратиро дар пойдории сулҳу субот, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа арзишманд унвон кард.
Сипас сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон баромад намуда, дар мавзӯи “Баррасии вазъи ҷинояткорӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли падидаҳои халалдоркунандаи манфиатҳои давлату миллат, сулҳу оромӣ ва суботи ҷомеа” бо нишон додани факту далелҳои дақиқ аз ҷараёни парвандаҳои ҷиноятӣ маърӯзаи пурмуҳтаво ва ҷолиби диққат ироа намуд, ки мақбули ҳамагон гардид.
Дар қисмати дуюми чорабинӣ иштирокчиёни мулоқоти мазкур ба як қатор саволҳои худ аз маърӯзачиён ҷавобҳои мушаххас гирифта, ҳамчунин баҳри боз ҳам ободу зебо гардонидани пойтахти азизамон шаҳри Душанбе таклифу пешниҳодҳои муфид ироа намуданд.
Дар хотимаи мулоқот зикр гардид, ки дар ҳамбастагӣ ва фаъолияти дастаҷамъона метавон барои солимии ҷомеа камари ҳиммат баст ва ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Сироҷиддин Шукуров




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика