Яке аз вазифаҳои кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони (ХПҲНҶ) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғиби илмомӯзиву ватандӯстӣ дар байни ноболиғону ҷавонон ва ба роҳи рост ҳидоят намудани намояндагони ин насли ояндасоз мебошад. Маҳз бо ҳамин мақсад хизматчиёни ин ниҳод ҳамкориро бо намояндагони касбу кори гуногун тақвият бахшида, дар муассисаҳои таълимӣ чорабиниҳои зиёди фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.
Чунин як ҷамъомади судманд рӯзи 16-уми апрели соли равон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ноҳияи Фархори вилояти Хатлон гузаронида шуд. Дар вохӯрии мазкур, ки бо ибтикори шуъбаи ҷавонони Хадамоти мазкур баргузор гардид, инчунин намояндагони дигар мақомоту сохторҳои дахлдор низ иштирок намуданд.
Дар ин вохӯрӣ корманди шуъбаи ҷавонони ХПҲНҶ ВКД майори милитсия Сафолзода Фаррух Сафаралӣ роҷеъ ба масъалаҳои гуногуни марбут ба ҳаёту таҳсили ноболиғону ҷавонон изҳори андеша намуд. Аз ҷумла, мавсуф доир ба таъмини иҷроиши талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин оид ба иҷрои Нақшаи якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ доир ба гузаронидани ҷамъомаду вохӯриҳо ва чорабиниҳои мақсаднок дар муассисаҳои таълимӣ суханронӣ намуд.
Дар ин мулоқот, дар баробари баррасии мавзӯъҳои васеи марбут ба кору зиндагии ноболиғону ҷавонон, ҳамзамон, созмондиҳандагони он ба масъалаи пешгирӣ намудани ҳолатҳои ҷалб гардидани ноболиғону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти террористиву экстремистӣ дошта дахл намуда, зикр карданд, ки бо ин зуҳуроти номатлуби замон бояд дастаҷамъона мубориза бурд.
Пешгирии муноқишаҳои байнимактабӣ, бо телефонҳои мобилӣ ба дарс ҳозир шудани муҳассилин ва роҳ надодан ба дигар ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷумлаи масъалаҳои дигаре буданд, ки дар ин вохӯрӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар қисмати интиҳоии ҷамъомад маъмурияти таълимгоҳи мазкур аз номи ҳайати омӯзгорону муҳассилини ин мактаб ба ташкилкунандагони чорабинии судманд изҳори миннатдорӣ намуд.
Абдулло ШОҲИЁН, Дилшод ХОЛОВ
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>