Дар доираи эълон гардидани соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ҳафтаи сипаригардида кормандони қисми мустақили 17-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати шаҳри Ҳисор бо ташкили чорабинии фарҳангию фароғатӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ аз зумраи дуредгарию бофандагӣ, кашидадӯзӣ ва намунаи таъомҳои гуногуни миллӣ аз ин тадбир истиқбол карданд.
Мавриди зикр аст, ки кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Ҳисор дар баробари адои вазифаҳои асосии худ ҳамчунин барои рушду равнақ додани ҳунарҳои миллӣ ҳиссаи муносиб мегузоранд. Шаҳодати он намоиши чорабинии ташкил карда мебошад, ки ҳамагӣ масъули дастони кормандони соҳа мебошанд.
Қобили қайд аст, ки дар чорабинии мазкур роҳбарияти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД, собиқадорони соҳа, намояндагони бахши рушди сайёҳӣ ва кор бо занони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва дигар меҳмонон аз муассисаву корхонаҳо иштирок карда, тадбири мазкурро дар густариш додани фарҳанги миллати тоҷик нек арзёбӣ намуданд.
Дар қисмати дуюми чорабинӣ намоиши либосҳои миллии тоҷикона, ҳам бо тарҳи муосир ва ҳам дар шакли қадима, манзури ҳозирин гардонида шуд.
Юнусҷон Бобоев, сардори ХДО шаҳри Ҳисор, подполковники хизмати дохилӣ.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>