Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии ҳунарҳои мардумӣ дар СХДО ВКД

377

Бо мақсади тараққӣ додани рушди сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои мамлакат дар арсаи ҷаҳонӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори туристӣ, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ум дар мамлакат «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шуд.

378

Ин иқдом аз ҷониби шаҳрвандони касбу кори гуногун, бахусус ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ басо гарму самимӣ қабул гардид. Вобаста ба ин, тибқи талаботи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ дастоварду ҳунарҳои мардумӣ аз қабили гулдӯзӣ, кашидадӯзӣ, бофандагӣ, чӯбтарошӣ, оҳангарӣ, заргарӣ, сандуқсозӣ, ҳайкалтарошӣ ва табақтарошӣ, ки аз зумраи ҳунарҳои мардумии миллати тоҷик маҳсуб меёбанд, ҳамчунин намунаи таъомҳои гуногуни миллӣ дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар ин чорабинӣ намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулин аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, инчунин меҳмонони зиёд аз дигар вазорату кумитаҳо, муассисаву ташкилот ва корхонаҳо иштирок намуда, ба ҳунару маҳорати бонувону мардони ҳунарманди Хадамоти давлатии оташнишонӣ баҳои баланд доданд. Бояд тазаккур дод, ки дарвоқеъ кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар баробари фаъолияти масъулиятноки шабонарӯзии хеш ба эҳёи ҳунарҳои аҷдодӣ низ бетафовут нестанд.
Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ, истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1-уми январи соли 2018-ум эълон намуданд, ки фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шаванд. Чунин иқдоми нек имкон медиҳад, ки ҳунармандон бо маҳсули дастони пур аз эҷоди худ диққати меҳмонону сайёҳонро ба сӯи худ ҷалб сохта, ба ин васила дар баланд бардоштани сатҳи зиндагиашон мусоидат намоянд.
Дар чорабинӣ бештар маҳсули дастони занону бонувони чирадаст ва мардони ҳунарманди Сарраёсат ва ҷузъу томҳои он аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба маърази тамошобинон гузошта шуд, ки он ҳама аз шавқу рағбати зиёд доштан ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва соҳибкасб будани кормандони ХДО шаҳодат медиҳанд.

379380

Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат таи солҳои охир барои ҳавасмандгардонӣ ва ташкили коргоҳҳои бофандагию дузандагӣ, косибӣ, заргарию кӯлолгарӣ, атласу адрасбофӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир карда мешавад. Ҳамасола барои дастгирии пайвастаи эшон грантҳои Президентӣ низ ҷудо мегарданд, ки дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии шахсони соҳибҳунар нақши арзанда мегузорад.
Баъд аз намоиши расму оинҳои ниёгон ва ҳунарҳои мардумӣ дар толори СХДО ВКД намоиши сару либоси миллӣ сурат гирифт, ки гулдухтарон ба бар намудани либосҳои миллӣ ба чорабинӣ боз ҳам ҳуснӣ бештар зам намуданд. Инчунин дар фарҷом бонувони Сарраёсат барномаи рангини ҳунариро пешниҳоди ҳозирин гардониданд, ки саропо аз меҳру вафодорӣ нисбат ба ин меҳани аҷдодӣ буд.
Кароматулло Абдуллоев
Толиб Ҳаётов
СХДО ВКД ҶТ




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика