Рӯзи 19-уми апрели соли равон, дар шаҳраки Шаҳритуз Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар заминаи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди ШВКД дар ноҳияи Шаҳритуз ифтитоҳ гардид.
Дар маросими кушодашавии бинои мазкур Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД генерал-майори милитсия Шодмонзода Фарҳодбек, Раиси ноҳияи Шаҳритуз Оймаҳмадзода Рамазон Алихон, сардори ШВКД дар ноҳияи Шаҳритуз полковники милитсия Ҳамдамзода Валихон, намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Дмитрий Капортсев иштирок намуданд.
Дар оғози кушодашавии бинои мазкур генерал-майори милитсия Шодмонзода Фарҳодбек баромад намуда, зикр кард, ки бо дастгирии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон дар доираи Стратегия ва Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2013-2020 дар манотиқи гуногуни кишвар якчанд ҳуҷраҳои корӣ барои Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуданд ва сохтмони ин марказ боз як қадами нав дар татбиқи ислоҳоти милитсия мебошад.
Маркази мазкур пеш аз ҳама барои ба даст овардани обрӯю эътибори мусбии кормандони милитсия дар байни аҳолӣ мусоидат намуда, барои пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар ҷомеа тақвият мебахшад.
Мавриди қайд аст, ки Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа бо тамоми шароитҳои наву замонавӣ таъмин мебошад.
Гул Маҳбуба
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>