Рӯзи 19-уми апрели соли 2018, дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД бо донишҷӯён ва омӯзгорони ин боргоҳи илм вохӯрии судманд доир намуданд.
Чорабинии мазкур бо мақсади пешгирии конуншиканӣ дар байни ҷавонон бахусус донишҷӯён, бо илму дониш фаро гирифтан ва иштироки фаъолонаи онҳо дар дарсҳо роҳандозӣ гардидааст.
Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ Одиназода Ҳайдар Одина бо сухани ифтитоҳӣ ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки дар даврони сулҳу субот ва ба даст овардани истиқлолияти кишвар, баҳри пешрафт ва тараққиёти тамоми соҳаҳо шароит фароҳам оварда шудааст. Ҳукумати мамлакат ҷиҳати илмомӯзӣ, аз бар намудани забонҳои хориҷӣ ва техникаи муосир баҳри насли ояндасози миллат ҳамаҷониба ғамхорӣ намуда, пайваста таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад.
Вазифаи шумо ҷавонон танҳо мутолиа ва аз худ намудани барномаҳои таълимӣ мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД полковники милитсия Фаттозода Абдусаттор Абдуқаҳор суханронӣ намуда, иброз дошт, ки вазифаи мову шумо ин аст, ки дар якчоягӣ ҷиҳати пешгирӣ намудани қонуншиканӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро ва даст задани онхо ба ҷинояту чинояткорӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, пеши роҳи содиршавии амалҳои номатлубро бигирем.
Мавсуф сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва наврасонро шарҳ дода, қайд намуд, ки танҳо дар давоми 3 моҳи соли 2018 аз ҷониби донишҷӯён 25 далели содир гардидани ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки ин хеле ташвишовар ва нигаронкунанда аст.
Сипас, аъзоёни гурӯҳи Авангарди донишгоҳи мазкур, донишҷӯёни фаъол ва роҳбарияти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ барои ҳамкории судманд бо мақомоти корҳои дохилӣ бо Ифтихорномаву Сипоснома аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро қадрдонӣ карда шуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ барномаи фарҳангӣ аз ҷониби дастаи ҳунармандони донишгоҳи мазкур пешкаши тамошобинон гардонида шуд, ки аз тамошои он донишҷӯён ва дигар иштирочиёни чорабинӣ ғизои маънавӣ бардоштанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар симои ҷавонон ҳамагон пеш аз ҳама насли умедбахшу ояндасоз, муборизу шуҷоъ ва бунёдкору ободгарро мебинанд. Аз ин лиҳоз чунин вохӯриву сӯҳбатҳои муфид бо донишҷӯёни муассисаҳои олии кишвар пайваста ба роҳ монда мешавад, то ҳисси хештаншиносиву ғурури миллӣ, ватандустиву инсонпарварӣ дар ниҳоди онҳо бедор гардад.
Шоҳиён Абдулло
Дилшод Холов
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>