Дар асоси талаботи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ бо мақсади сари вақт пешгирии ҳолатҳои сар задани ҳодисаҳои ноҳуши сӯхтор дар тамоми иншооти стратегию ҳаётан муҳим, муассисаву корхона, бозору марказҳои савдо, хобгоҳҳову маҳаллаҳои аҳолинишин ва ҷойҳои оммавӣ корҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳиро васеъ ба роҳ монда, ҳамчунин аз тарафи муҳандисону нозирони назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтори Сарраёсат ва ҷузъу томҳои он, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ҳисси масъулиятшиносию иштироки фаъолонаи коргарону хизматчиён ва шаҳрвандони синну соли гуногун дар пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор, омӯзиши меъёру талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва машғулятҳои амалиро вобаста ба андешидани чораю амалҳои зарурӣ дар вақти рух додани он, дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намуда истодаанд.
Дар ин замина аз тарафи мутахассисони СХДО ВКД дар якҷоягӣ бо кормандони Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе ва воҳидҳои зерсохтори он, дар хобгоҳи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисодии Тоҷикистон, воқеъ дар кӯчаи Нахимов 64/16-и пойтахт, ки барои 700 нафар донишҷӯёну оилаҳои омӯзгорон пешбинӣ шудааст ва дар хобгоҳи №1-и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, воқеъ дар кӯчаи Деҳотӣ 1/2 -и шаҳри Душанбе, ки барои 403 нафар донишҷӯёну оилаҳои омӯзгорон пешбинӣ шудааст, корҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ ташкил ва гузаронида шуданд.
Вобаста ба натиҷаҳои чорабиниҳои зиддисӯхтории доиркарда шуда, аз тарафи муовини аввали сардори СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники хизмати дохилӣ Қутфиддин Салоҳиддинзода ва сармутахассиси Шуъбаи назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтори Сарраёсат майори хизмати дохилӣ Хуршед Шарипов бо роҳбарияту масъулин ва омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳи номбурда, семинар-машварат дар мавзӯи «Аз сӯхтор эҳтиёт бошед!» дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар рафти семинар-машварат аз тарафи муовини аввали сардори СХДО ВКД Қутфиддин Салоҳиддинзода ва сармутахассиси Шуъбаи назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтори Сарраёсат майори хизмати дохилӣ Хуршед Шарипов сабабу омилҳои асосии ба амал омадани ҳодисаҳои нохуши сӯхтор ва роҳҳои пешгирии он ба ҳозирин бо овардани мисолҳо аз ҳодисаҳои воқеӣ ба таври муфассал фаҳмонида шуда, ба саволҳои онҳо посухҳои дақиқ дода шуданд.
Дар фарҷоми ҷамъомад аз тарафи ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Ҳамидуллохон Фақеров ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД барои дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ ва омӯзиши талаботи меъёру қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор изҳори сипос карда шуд.
Кор дар ин самт аз тарафи СХДО ВКД ва ҷузъу томҳои он дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома дорад.
Кароматулло Абдуллоев
Толиб Ҳаётов
СХДО ВКД
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>