Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти кормандони милитсия бо волидайн ва мактаббачагон дар шаҳри Бохтар

210

Кормандони ШВКД дар шаҳри Бохтар дар якҷоягӣ бо намояндагони ҳукумати маҳалӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и шаҳри мазкур сӯҳбату вохӯрӣ дар мавзӯи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ гузаронида шуд.
Дар ин ҷамъомад омӯзгорон, падарону модарон ва хонандагони синфҳои болоӣ иштирок намуданд.
Нахуст, сардори ШВКД дар шаҳри Бохтар полковники милитсия Набиҷон Исозода баромад намуда, зикр кард, ки фарзанд маҳсули оила асту тарбияаш аз хонадон ва панди падару модар маншаъ мегирад. Падару модар вазифадоранд, ки тарбияи маънавӣ, маърифатӣ ва ахлоқии фарзандро то ҳадди зарурӣ дуруст ба роҳ монанд.

211212

Таълиму тарбияти дурусти фарзандон, манъ намудани онҳо аз корҳои зишт ва даст задан ба ҷиноятҳо аз қабили дуздиву ғоратгарӣ ва дигар кирдорҳои номатлуб вазифаи волидайн ва дар рӯҳияи худшиносӣ, ватандорию ватанпарастӣ ва бо ахлоқи ҳамидаю писандида тарбия намудани онҳо яке аз масъалаҳои асосии ҷомеаи имрӯзаи мо ба шумор меравад.
Дар ин ҷамъомад таъкид карда шуд, ки дар тарбияи насли наврас, оила, мактаб ва ҷомеа бояд дар якчоягӣ фаъолият намоянд.
Иштирокдорони ин вохӯрӣ тақозо намуданд, ки бояд наврасону чавонон, зираку ҳушёр бошанд ва ба ҳар гуна гурӯҳҳои ҷиноятӣ, ҳизбу ҳаракатҳои бегона ҳамроҳ нашаванд. Зеро ояндаи ҷомеаи моро метавон бо ақлу заковати расо ва ҳисси ватанпарастиву эҳтироми арзишҳои он беолоиш нигоҳ дошт.
Иштирокдорон дар ҷамъомад фикру ақидаи худро баён намуда, баромадҳои судманд карданд.
Чунин вохӯриҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Бохтар идома дорад.
Офоқ Қодириён




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика