Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти кормандони милитсия бо ҷавонони Бадахшон

396

Бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ сафари ҷавонони Бадахшон ба шаҳри Душанбе дар доираи соли «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба нақша гирифта шуд, то ки онҳо бо ҳамсолони худ дар шаҳри Душанбе вохӯрда, бо дастовардҳои имрӯзаи пойтахти кишварамон шинос шаванд.
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ВМКБ дар якҷоягӣ бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят чорабиниҳои профлактикӣ-фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ва донишҷӯён ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ гузаронида, дар ин замина ҷавононро дар руҳияи эҳтироми арҷзгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, ифтихори ватандорӣ, ташаккули ҷаҳонбинӣ ва инчунин таҳкими сулҳу суботи кишвар тарбия карда истодаанд.

397

Вобаста ба сафари 100 нафар ҷавонони вилоят ба шаҳри Душанбе дар толори Маркази Раёсати ҷавонон вохӯрӣ бо сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Бухоризода М.Ғ. баргузор гардид, ки дар он муовини Раиси вилоят Орумбекова Г., Раиси шаҳри Хоруғ Маҳтобшозода А. ва муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Чоршанбиев С. иштирок намуданд.
Сардори РВКД дар ВМКБ Мансур Бухоризода зимни вохурӣ қайд намуд, ки ҷавонон ояндаи ҷомеа буда, ҳадаф аз баргузории сафари ҷавонони вилоят ба шаҳри Душанбе, ин ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонон, аз наздик шиносоӣ пайдо намудан аз дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ, фарҳангу маданияти шаҳрдорӣ ва ҳамзамон вохӯрӣ бо ҳамсолони худ аст.
Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ ҷавононро таъкид намуд, ки дар вақти сафар ба пойтахти кишвар бо маданияти баланди анъанаҳои аҷдодии мардуми шарафманди Бадахшон худро маррифӣ намуда, бо дигар ҷавонони шаҳру ноҳияҳои кишварамон дӯстиву рафоқат ва аз наздик шиносоӣ пайдо намоянд.
Далер Чоршанбиев




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

2909

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика