Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо донишҷӯёни Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён

403

Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон мунтазам бо донишҷӯён вохӯриҳо мегузаронанд, ки ҳадаф аз ин вохӯриҳо пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва дигар кирдору амалҳои номатлуб дар байни донишҷӯён мебошад. Мувофиқи нақшаи тасдиқгардидаи РВКД дар вилояти Хатлон кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонони Раёсат вохӯрии судманд дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада «Оиди пешгирии экстремизм, терроризм, хурофотпарастӣ ва сабабу таҳдидҳои он», « Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумӣ ва қонунҳои амалкунанда», доир намуданд.

404

Ҷамъомадро ноиби ректори Донишкадаи мазкур Мирзозода Кибриё оғоз намуда, ба ташкилкунандагони чунин як вохӯрии судманд миннатдорӣ баён намуд.
Дар бораи бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни донишҷӯён ва чораҳои андешидашуда дар самти муқовимат бо ҷинояткорӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки ташаккули маънавиёт ва таълиму тарбияи насли наврас яке аз самтхои сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Тавре Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд: «Ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд».
Сардори Хадамоти мазкур полковники милитсия Обидзода Юсуф дар суханронии худ қайд кард, ки пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои динии хусусияти террористӣ дошта, ҷинояту ҷинояткорӣ ва решакан намудани он на танҳо вазифаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини Тоҷикистон мебошад.
Мақсад аз баргузории чунин мулоқот фаҳмондадиҳии воқеоти ҷаҳони муосир, пешгирии гаравидани ҷавонон ба гуруҳҳои террористию ифротӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои тундрав мебошад.

405

Инчунин чанд нафар аз донишҷӯёни фаъоли гуруҳи «Авангард», ки саҳми онҳо дар гузаронидани чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ назаррас буда, бо кормандони макомоти корҳои дохилӣ алоқаи зич доранд, суханронӣ намуда, қайд карданд, ки ҷавонони даврони истиқлолият бояд ободкору созанда ва меҳандӯсту меҳнатқарин бошанд ва дар рушди давлатдории навин бо қадамҳои устувор ба пеш бираванд ва обрӯву эътибори Ватани худ - Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ боло бардошта, мояи ифтихори налсҳои оянда бошанд.
Чанд нафар аз омӯзгорону донишҷӯён, ба масъулини РВКД дар вилояти Хатлон барои вохӯрии судманд изҳори сипос намуда, изҳор доштанд, ки доир намудани чунин ҷамъомадҳо барои пешгирии ҷинояткорӣ дар байни донишҷӯён мусоидат мекунанд.
Офоқ Қодириён




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

2909

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика