Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Се принсипи фаъолияти хизматии политсияи Литва: ҳимоя, кӯмак ва муҳофизат

131

Ҳафтаи сипаригардида аз ҷониби Намояндагии ташкилоти байналмилалии “Дунёи бехатар” (Saferworld) гурӯҳи кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзоёни “Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятии назди мақомоти милитсия дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ” бо мақсади мубодилаи таҷриба дар самти таҳким бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа ба шаҳри Вилнюси Ҷумҳурии Литва сафар намуданд. 

132

 

Ҳайат аз гурӯҳи зерини кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, Шӯроҳои мазкур ва намояндагони ташкилоти байналмилалии “Дунёи бехатар” иборат буд: подполковники милитсия Гул Маҳбубахон Талби, сардори сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон – роҳбари гурӯҳ; подполковники милитсия Бобоев Раҷабмад – нозири калони минтақавии шӯъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ШВКД дар шаҳри Ваҳдат; майори милитсия Саъдуллозода Сайфиддин Сайфулло – сардори шӯъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ШВКД дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон; лейтенанти калони милитсия Нилуфари Сарбоз – котиби матбуотии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон; лейтенанти милитсия Саидова Одина Исматуллохоновна - нозир оид ба зӯроварӣ дар оилаи ШВКД-2 дар ш.Исфара; Шарипова Мадия – раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятии назди мақомоти милитсияи ноҳияи Ванҷи ВМКБ; Холов Суҳроб – аъзои Шӯрои мазкур дар ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат; Шарипов Халил Умарович – Раиси Шӯрои мазкур дар ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи ш.Исфара; Латипова Гулпарӣ – аъзои Шӯрои мазкур дар назди РВКД дар шаҳри Душанбе; Қараев Саидвалӣ - аъзои Шӯрои мазкур дар ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон; Хирад Каргасов – менеджери лоиҳаи“Дунёи бехатар”, Зоҳир Асаншоев – ҳамоҳангсози лоиҳаи “Дунёи бехатар”, Гулбаҳор Ҷумабоева - ҳамоҳангсози ҳамин лоиҳа ва роҳбаладии гурӯҳи мазкурро дар шаҳри Вилнюс Раймундас Калесникас – коршиноси байналмилалӣ оид ба масъалаҳои фаъолияти политсия ба ӯҳда дошт.
Вохӯрии нахустин бо кормандони минтақаи 1-уми политсияи ҷамъиятии шаҳри Вилнюс баргузор гардида, сӯҳбат оид ба масъалаҳои ҳамкории политсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба пешгирии намудҳои гуногуни ҳуқуқвайронкунӣ, ҳалли масоили бехатарӣ дар минтақаи хизматӣ, ба роҳ мондани робита бо аҳолӣ ва таҳкими боварии шаҳрвандон рафта, сардори минтақаи мазкур Лилиана Малиновская оид ба дӯстони ҷавони полис-ёрдамчиён, ҷамъиятҳо ва тимсоли полис – “Амсис” муфассал маълумот дод.

133

Барои ҳайати гурӯҳ аҷоиб буд, ки дар минтақаи мазкур зиёда аз 100 ҳазор аҳолӣ зиндагонӣ менамояд, вале дар ин минтақа ҳамагӣ се полисдухтари ҷавону зебо бо сардории Лилиана Малиновская ба мардум хизмат мерасонанд. Онҳо бо тамоми шароити корӣ, автомашинаҳои хизматӣ, алоқа (ратсия), силоҳ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, пайваста дар байни ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дигар чорабиниҳои ҷолибро ба роҳ мемонанд.
Сипас, бо ҳамроҳии роҳбалад Раймундас Калесникас ҳайати гурӯҳ ба қисми шимолии шаҳри Вилнюс рафта, бо роҳбарият ва намояндагони ҷамъияти маҳаллӣ “Балсай” вохӯрӣ доир намуд.

134

Мавриди қайд аст, ки ҷамъияти мазкур дар мактаб ҷойгир буда, бо сокинони маҳаллӣ ҳамкории зич дорад. Дар ин вохӯрӣ байни иштирокдорон оид ба масъалаҳои модели “Ҷамъияти бехатарӣ”, мисолҳои амалии таҷрибаи ҳалли мушкилот дар якҷоягӣ бо сокинони маҳаллӣ, политсия ва дигар гурӯҳҳо мубоҳисаю музокираҳо сурат гирифт.
Ҳамин тавр гурӯҳи корӣ аз “Маркази дастгирии оилаҳои шахсони беному нишон гумшуда” боздид ба амал оварда, доир ба масъалаҳои ҳалли мушкилоте, ки бо зӯроварӣ дар оила мансубанд ва таҷрибаи ҳамкорӣ бо политсия ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ табодули андеша намуданд.
Бояд зикр кард, ки чунин ҷамъиятҳо дар тамоми Вилнюс 12-то мебошанд ва фаъолона бо кормандони политсияи ҷамъиятӣ ҳамкорӣ намуда, ҳар кадом дар шабакаи интернет саҳифаи иртиботии худро доранд.
Нимаи дуюми рӯз гурӯҳи корӣ ба Маъмурияти маҳаллии худидоракунии шаҳри Вилнюс рафта, бо директори Департаменти шаҳри бехатар ва мудири шуъба оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ҷаноби Анжи вохӯрӣ баргузор намуд.
Зимни вохӯрӣ мавсуф доир ба таҷрибаи амалии фаъолият, ҳалли мушкилоти бехатарӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар сатҳи шаҳрӣ муфассал маълумот дода, аз фаъолияти корӣ мисолҳои зиёде овард.

135

Зикр гардид, ки шакли нави ҳамкорӣ бо политсия, нақшаи корҳои профилактикӣ ва гурӯҳҳои ҳамсояҳои бехатар ба роҳ монда шуда, дар соҳаи татбиқ намудани бехатарии ҳаракат дар роҳ, пешгирии навиштаҷотҳо (вандализм), аз ҳад зиёд истеъмол намудани машрубот ва маводҳои нашъаовар дар ҷойҳои ҷамъиятӣ тадбирҳои мушаххас андешида шудааст.
Директори Департаменти шаҳри бехатар ва мудири шуъба оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ҷаноби Анжи қайд кард, ки шуъбаи ӯ аз 40 нафар корманд иборат буда, ҳамчун политсияи ҷамъиятӣ танҳо бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ фаъолият мебарад. Нисбати ҳуқуқвайронкунандагон корҳои профилактикӣ бурда, протоколҳои маъмурӣ тартиб медиҳанд ва онҳо ба Ҳукумати шаҳри Вилнюс (Муниципалитет) тобеъ буда, аз буҷаи онҳо маблағгузорӣ карда мешаванд. Дар як сол то 20 ҳазор протоколи маъмурӣ тартиб медиҳанд. Ҳамчунин барои гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ иҷозатнома медиҳанд. Фаъолияти таксиҳо, сохтмонҳои нотамом ва рекламаро (ғайриқонунӣ ва ё қонунӣ будани онҳоро) назорат мебаранд. Кашидани сигор дар ҷойҳои мамнӯъ, истеъмоли аз ҳад зиёди машрубот, партофтани партовҳо, гузоштани воситаи нақлиёт дар ҳар куҷо, савдои кӯчагӣ ва ғайраро пешгирӣ менамоянд.
Шуъбаи мазкур тӯли 10-сол боз фаъолият намуда, низоми бисёр хубу осонро ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ба роҳ мондааст, ки ҳар як шаҳрванд метавонад ба воситаи почтаи электронӣ фавран доир ба қоидавайронкунӣ ва дигар қонуншиканиҳо хабар ирсол намояд.

136

Аз 40 нафар корманд, 20 нафар дар толори махсуси бо техникаи компютерӣ таҷҳизонидашуда нишаста, пайваста арзу муроҷиати мардумро ба воситаи интернет қабул менамоянд ва ҳар кадом ба самти худ гурӯҳҳои фавриро (аз ҳисоби 20 нафари дигар) ба ҷойи ҳодиса равон менамоянд ва сари вақт мушкилот ҳалли худро меёбад.
Онҳо ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин сару кор надошта, ин вазифа ба уҳдаи Департаменти политсия вогузор карда шудааст.
Мавриди қайд аст, ки Ҷумҳурии Литва 3-юним миллион аҳолӣ дошта, аз инҳо 600 ҳазор нафарашон дар пойтахти ин мамлакат шаҳри Вилнюс зиндагонӣ менамоянд.

140

Рӯзи дигари сафар ҳайати гурӯҳ ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Литва омада, бо муовини Вазир, мушовири Вазир, директор ва намояндагони Департаменти ташаккули сиёсати бехатарии ҷамъиятӣ вохӯрӣ доир намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои таҷрибаи ислоҳоти системаи политсия, таъсиси низоми бехатарии ҷамъиятӣ, ворид намудани сиёсати “Ҳамкории политсия бо ҷомеа”, таъсис ва ҷорӣ намудани консепсияи мунитсипалитети бехатар ва дигар масоили мубрам мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

138

Зикр гардид, ки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Литва аз сиёсатшиносон, хизматчиён ва дигар ходимони ҷамъиятӣ иборат буда, Департаменти политсия ба онҳо тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.
Зимни сӯҳбат қайд гардид, ки ислоҳотро бомаром ва эҳтиёторона ба роҳ мондем ва шароитҳо тағйир ёфта, дар сатҳи худидоракунӣ боло рафт. Вазифаи политсия ин профилактикаи ҷиноят мебошад.
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Литва ин политсия нест, балки мақсади ин ниҳод – ташаккули сиёсати давлатӣ мебошад. Дар дохили ВКД 10 ҳазор ходимони сиёсӣ ва 2 ҳазор хизматчиён фаъолият менамоянд.
Аз соли 1998 дар дохили Вазорат тадқиқотчиён (сотсиологҳо) фаъолият намуда, доир ба масъалаҳои бехатарии ҷамъиятӣ дар ду сол як маротиба назарсанҷӣ (опрос) мегузаронанд. Айни замон боварии мардум ба политсия 71%-ро ташкил медиҳад.
Сипас вохӯрӣ бо роҳбарияти Департаменти политсияи миллӣ, комиссари генералӣ, мушовири генерали политсия ва роҳбари шуъбаи коммуникатсия ва робита бо ҷомеаи Раёсати политсияи ҷамъиятӣ баргузор гардид.
Мавриди қайд аст, ки аз соли 2003 то соли 2016 ислоҳоти политсия идома ёфта, аз 21 ҳазор нафар корманди политсия 8 ҳазор монда, боқимондаро ботадриҷ ихтисор намудаанд.
Зикр гардид, ки политсия ин мақомоти ҷазодиҳанда нест. Балки дар асоси 3 принсип: ҳимоя, кӯмак ва муҳофизат фаъолияти хизматии худро пеш мебарад.
Роҳбари шуъбаи коммуникатсия ва робита бо ҷомеаи Раёсати политсияи ҷамъиятӣ дар сӯҳбати ихтисосӣ оид ба таҷрибаи амалии консепсияи “Ҳамкории политсия бо ҷомеа”, таҷрибаи ба боварии аҳолӣ сазовор шудани политсия ва устувории шарикии политсия бо ҷомеа муфассал изҳори андеша намуда, қайд кард, ки “Политсия – ин мақомоти замонавии беҳтарин дар Литва буда, як ҷузъи ҷудонашавандаи аҳолӣ аст. Мо имиҷи худро пурра иваз намудем, мошин ва парчамҳои нав харидем, ҳатто озмуни латифаҳо дар бораи политсияро эълон намудем. Дар “Фейсбук” саҳифаи худро кушодем, ки шаҳрвандон метавонанд муроҷиат кунанд. Дар телевизион барномаи нав реалити-шоу “Чароғҳо”-ро роҳандозӣ намудем, ки рӯзноманигорон бевосита зимни ба амалиёт рафтани кормандони политсия ва ҳодисаи рухдода онҳоро ҳамроҳӣ намуда, мустақим рафти онро сабт менамоянд.

137

Ҳар моҳ шаҳрвандонро ҳавасманд намуда, мукофот медиҳем. Касби политсияро тарғибу ташвиқ менамоем. Ҳар гуна чорабиниҳо, ҷиҳати пешгирии коррупсия ва таҳким бахшидани ҳамкории политсия бо ҷомеа таҳти номҳои гуногун мегузаронем. Масалан: “Пора бӯи атр надорад! ”, “Дастпӯшакҳои сафед”, “Ҳамсоягии бехатар” ва ҳатто ходимони динро низ ба мақомоти политсия даъват намуда, бо кормандон вохӯрию сӯҳбатҳо мегузаронем”.
Ҳамин тариқ гурӯҳи корӣ ба “Клуби ҷавонони политсия” ташриф оварда, аз фаъолияти ин клуб дар самти пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонони 14-29-сола ошноӣ пайдо намуда, бо ҷавонону ноболиғони душвортарбия ҳамсӯҳбат шуданд.

139

Ноболиғону ҷавонон барои он, ки вақти холигии худро беҳуда нагузаронанд, ба ин клуб омада, бо ҳар гуна бозиҳои шавқовар, варзиш, расмкашӣ, тайёр намудани ҳар гуна бозичаҳо аз қоғаз ва дигар машғулиятҳои ҷолиб машғул шуда, бо ҳам қисса менамоянд. Роҳбарии ин клубро собиқ корманди политсия - зани бисёр фаъолу хушсухан ба уҳда дошта, ба ҳамаи онҳо ҳамчун ба фарзандони худ муносибат менамояд.
Зимни сӯҳбат мавсуф оид ба ҳалли мушкилоти ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон дар якҷоягӣ бо аҳолӣ, политсия ва дигар ҷамъиятҳо мисолҳо оварда, ҳамчунин зикр кард, ки бо оилаҳои носолим низ дар алоҳидагӣ кор бурда мешавад.
Дар доираи сафари омӯзишӣ гурӯҳи корӣ ба минтақаи Паневежис, ки аз шаҳри Вилнюс 140 км дуртар ҷойгир аст, сафар намуда, аз кору фаъолияти ҷамъияти маҳаллии “Розинас” ва политсияи ҷамъиятии шаҳри Паневежис аз наздик шиносоӣ пайдо намуд.
Маврид ба зикри хос аст, ки ин ҷамъият низ дар мактаб ҷойгир буда, хонандагон ва аъзоёни ҷамъияти мазкур барои меҳмонон махсус барномаи фарҳангӣ омода намуда, бо маҳорати баланд сурудҳо дар васфи Ватан ва дӯстӣ пешкаш гардониданд, ки мақбули ҳамагон гашт.
Дар идомаи боздид ҳайати гурӯҳ бо роҳбарият ва кормандони гурӯҳи таъминоти амниятӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ дар минтақаи Шяуляй вохӯрӣ доир намуда, аз таҷрибаи онҳо дар самти ҳалли мушкилоти бехатарӣ дар ҷойҳо, ҳамкорӣ бо мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ҷомеа ва политсия бархӯрдор гардиданд.
Дар ҷараёни сафар, гурӯҳи корӣ бо роҳбарияти Сарраёсати политсияи округи Вилнюс ҷаноби Гагас вохӯрӣ баргузор намуда, оид ба корҳои амалӣ дар самти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ба воситаи лоиҳаи “Шаҳри бехатар” ва вокуниш ба ахбороти воридгардидаи аҳолӣ аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд.
Пеш аз шиносоӣ бо кори политсия ҳайати гурӯҳ аз Осорхонаи Сарраёсати мазкур дидан намуда, аз тарзи ташаккул ва ҷараёни ислоҳоти политсия аз наздик шинос шуданд. Зикр гардид, ки солҳои аввал ислоҳотро аз сару либос шурӯъ кардаанд, аввал шервонҳо, нишонҳо, тугмаҳо ва дигар ашёҳоро иваз намуда, сипас, сару либосро бо матои нав, мутобиқи талаботи замона ва шинаму роҳат роҳандозӣ намудаанд. Айни замон мақомоти политсия бо тамоми таҷҳизоти техникӣ ва сару либос таъмин буда, дар хизмати халқ қарор дорад.
Зимни сӯҳбати озоду самимӣ роҳбари Сарраёсати политсияи округи Вилнюс ҳайати гурӯҳро бо фаъолияти политсияи шаҳри Вилнюс ва чӣ гуна сурат гирифтани ҷараёни ислоҳот ошно намуда, қайд кард, ки ҳафтаи корӣ 40 соатро дар бар мегирад ва кормандони политсия ба мисли дигар шаҳрвандон аз соати 08-и субҳ то 17-и бегоҳ фаъолият намуда, дар муддати 25-соли корӣ ба нафақа мебароянд.
Таъкид гардид, ки муҳим бояд фаъолияти политсия шаффоф бошад ва ҳеҷ чизро аз мардум набояд пинҳон кард. Ислоҳот дар аввал мушкил буд, вале ҳар як корманд дар тафаккури худ ислоҳотро ҷойгир кард ва дар интиҳо ба натиҷаи дилхоҳ ноил гардидем.
Дар шаҳри Вилнюс 6 Комиссариат – шуъбачаи политсия фаъолият намуда, дар онҳо қисми навбатдорӣ мавҷуд нест. Танҳо як Қисми навбатдории марказонидашуда мавҷуд аст, ки он ҳам бошад дар Сарраёсати политсияи округи Вилнюс ҷойгир буда, шаҳрвандон метавонанд ба воситаи телефони 112 ва интернет шабонарӯзӣ оид ба ҷинояткорӣ ахборот пешниҳод намоянд.
Кормандони Қисми навбатдорӣ аслан одамони аз ҷиҳати ҷисмонӣ мушкилидошта (маъюб) буда, 12 соати корӣ доранд ва баъди 12 соат онҳоро навбатдорони дигар иваз менамоянд. Сабаби ба кор гирифтани одамони аз ҷиҳати ҷисмонӣ мушкилидоштаро сардори Сарраёсати политсия чунин шарҳ дод, ки мо кормандони солим ва ҷавонро бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ сафарбар менамоем, то шаҳрамон тинҷу ором бошад. Дар Қисми навбатдорӣ кор он қадар душвор нест, барои ҳамин ин ҷо чунин одамон низ метавонанд кор кунанд.
Ҳар шаҳрванде, ки баъди соати 17:00 ба Комиссариат – шуъбачаи политсия муроҷиат кунад, чӣ ба воситаи телефон, интернет ва ё шахсан муроҷиати онҳо мустақим ба Қисми навбатдории марказонидашудаи шаҳри Вилнюс ворид мегардад ва кормандон онҳоро аз рӯи 3 дараҷа: “А”, “Б”, “С” ба намудҳо ҷудо намуда, фавран гурӯҳҳои тафтишотиро ба ҷои ҳодиса сафарбар менамоянд. Ба хабари воридшудаи дараҷаи “А” бояд ба ҷои ҳодиса дар муддати 10-дақиқа гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ ҳозир шавад. Ба дараҷаи “Б” дар муддати 20-дақиқа ва ба дараҷаи “С” дар муддати 1-соат.
Мавриди қайд аст, ки лоиҳаи “Шаҳри бехатар” низ ба Қисми навбатдорӣ ворид гардида, тамоми объектҳои ҳаётан муҳим ва роҳу вокзалҳо ба воситаи камераҳои мушоҳидавӣ таҳти назорати қатъӣ қарор доранд.
Дар ҷараёни сафар ҳайати гурӯҳ ҳамчунин аз автомашинаҳои хизматӣ, фаъолияти гурӯҳҳои мобилӣ ва тарзи пур кардани протокол шиносоӣ пайдо намуданд. Протокол дар дохили автомашина, ки бо компютер, принтер ва таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст, дар муддати кӯтоҳ дар 2 нусха чоп карда мешавад. Як нусха ба ҳуқуқвайронкунанда ва як нусха дар дасти кормандони политсия нигоҳ дошта мешавад. Агар ягон нофаҳмӣ сар занад, шаҳрванд метавонад ба суд муроҷиат кунад.
Бояд тазаккур дод, ки 40 фоизи ҳайати мақомоти политсияро занон ташкил медиҳанд ва онҳо паҳлӯ ба паҳлӯи мардон истода, аз уҳдаи ҳамаи вазифаҳои ба душашон гузошташуда ба хубӣ мебароянд.
Рӯзи охирини сафар ҳайати гурӯҳ ба Маркази бӯҳронӣ – “Хонаи занони Вилнюсӣ” ташриф оварда, таҷрибаи кори амалиро оид ба масъалаҳои чӣ гуна ҳал намудани мушкилоте, ки бо зӯроварӣ дар оила вобастаанд, мавриди омӯзиш қарор доданд.
Маврид ба зикри хос аст, ки ҳайати гурӯҳ дар ҷараёни сафар аз ҷойҳои таърихӣ ва тамошобоби шаҳри Вилнюс дидан намуда, бо таъриху фарҳанги халқи Литва шиносоӣ пайдо намуданд. Ҳамчунин дар фестивали баҳорӣ, ки дар марказ ва шаҳри қадимаи Вилнюс баргузор гардид, иштирок намуда, аз ҳунарҳои мардумӣ, хӯрокворӣ ва ашёву лавозимоти ба намоиш гузошта бархӯрдор гардиданд.
Сафари омӯзишии ҳайати гурӯҳи кормандони ВКД ва аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятӣ ба шаҳри Вилнюси Ҷумҳурии Литва дар сатҳи баланд баргузор гардида, барои таҳким бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди хушунат ва зӯроварӣ дар оила ва баррасӣ намудани арзу муроҷиатҳои шаҳрвандон, ки ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ворид мегарданд, муҳим арзёбӣ гардида, аз ҳар ҷиҳат шавқовар ва хотирмон буд.
Нуктаи ҷолиби дигар ин буд, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ, мардуми маҳалла, сокинон ва шаҳрвандон, аз хурд то бузург, ҳама дар якҷоягӣ ва дастаҷамъона бо кормандони политсия ҳамкорӣ намуда, дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ саҳм мегузоранд. Зеро ақидаи онҳо ин аст, ки агар дузд хонаи ҳамсояро ғорат намояду ман бетарафӣ зоҳир намоям, фардо ин дузд хонаи маро низ ғорат менамояд. Ва бояд хонаи ман, кӯчаи ман, маҳаллаи ман ва шаҳри ман барои худ, оила ва кӯдаконам бехатар бошад!
Ин ақида ҷомеаи моро низ водор месозад, ки барои бехатарии хона, фарзандон ва маҳаллаи худ ҷидду ҷаҳд намуда, бо кормандони милитсия ҳамкорӣ ва робитаи қавӣ дошта бошанд.
Дар хотима, ман аз номи ҳайати гурӯҳи кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзоёни “Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятии назди мақомоти милитсия дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ” ба Намояндагии ташкилоти байналмилалии “Дунёи бехатар” (Saferworld) ва кормандони ташкилоти мазкур Хирад Каргасов, Зоҳир Асаншоев, Гулбаҳор Ҷумабоева ва Нуралӣ Ҳалимов барои ташкил ва баргузор намудани ин сафари омӯзишӣ изҳори миннатдорӣ менамоям.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика