Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бохтар: Мизи мудаввар дар мавзӯи "Паёми Пешвои миллат - роҳнамои зиндагии шоиста»

103Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши хонандагону донишҷӯён, омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ зоҳир гардида, ҷиҳати андешидани тадбирҳои иловагӣ баҳри баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар як қатор дастуру супоришҳо ироа гардиданд.

Боиси каноатмандии хоса аст, ки бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ аз ҷониби Сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 дар Тоҷикистон «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шуд.
Ҳафтаи сипаришуда бо ташаббуси сардори Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии шаҳри Бохтар полковники милитсия Набиҷон Исозода ва роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав дар толори Донишгоҳи мазкур мизи мудаввар дар мавзӯи "Паёми Пешвои миллат - роҳнамои зиндагии шоиста» бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён ва ҷавонони гурӯҳи "Авангард" дар вилояти Хатлон баргузор гардид.
Сараввал сардори ШВКД дар шаҳри Бохтар полковники милитсия Набиҷон Исозода аз Осорхонаи Донишгоҳ баҳри шиносоӣ аз таъриху фарҳанги мардуми Хатлонзамин дидан намуда, бо изҳори қаноатмандӣ ва бо таассуроти нек ба кормандони Осорхона миннатдорӣ баён намуда, дар китоби қайдҳо соядасти худро гузошт.
Мақсад аз гузаронидани мизи мудаввар бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни наврасону ҷавонон ҷиҳати пешгирии шомилшавии ин қишри ояндасози ҷомеа ба гурӯҳҳои тундгарову ифротӣ иборат буд.
Ҳамзамон, дар ин мулоқот оиди нуктаҳои муҳимми Паёми Пешвои миллат ва пешгирӣ кардани ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонон, вобаста ба масъалаҳои марбут ба ифротгароӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳои экстремистӣ ва террористӣ, маърӯза карда шуд.

105

Сардори шуъба зимни суханронӣ қайд намуд, ки бояд ҷавонон бештар ба китобхонӣ машғул гардида, аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо, гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ парҳез намоянд.
Чанд нафар аз донишҷӯён дар мавзӯҳои "Ҷавононро худогоҳӣ мебояд", "Заминаҳои қонунгузории сайёҳӣ дар даврони сохибистиқлолии кишвар" ба музокира баромада, барои фароҳамории шароитҳои созгори донишандӯзӣ ба давлату ҳукумат изҳори миннатдорӣ намуданд.
Дар фарҷоми мизи мудаввар байни кормандони милитсия ва иштирокчиён суханрониҳои озод доир гардида, донишҷӯён фикру мулоҳизаҳои худро ба таври мушаххас пешниҳод намуданд.
Офоқ Қодириён




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика