Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷавонон - пешоҳанги ташаббусҳои созанда

 

106

Бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва Ҳукумати шаҳри Ваҳдат дар ин шаҳр бо иштироки доираи васеи ҷавонони фаъоли кишвар ҷамъомади бошукӯҳ доир гардид.
Дар навбати аввал намояндагони ҷавонони фаъоли кишвар ва аъзои гурӯҳи "Авангард" бо ҳамроҳии масъулини Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД, шуъбаи милитсияи шаҳри Ваҳдат ва бахшҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллии шаҳр дар конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ки дар бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и ҷамоати деҳоти Чӯянгарони шаҳри мазкур баргузор гардид, иштирок намуданд.

107108

Дар нишасти мазкур оид ба аҳамияти эълон гардидани соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори андеша карда шуда, зикр гардид, ки ин иқдом боиси муаррифии кишвари мо чун макони сайру сайёҳат дар арсаи ҷаҳонӣ мегардад.
Сардори ХПҲНЧ ВКД полковники милитсия Фаттозода Абдусаттор Абдуқаҳҳор зимни баромадаш дар ин конференсия ташаббусҳои дигар мақомоту идораҳои давлатӣ, хусусан иқдому ибтикороти навбатии Вазорати корҳои дохилиро дар масъалаи дастгирии ҷавонон шоистаи таҳсин номида, изҳор дошт, ки дар самти тарғиби ҳаёти солим миёни ноболиғону ҷавонон мақомоти корҳои дохилӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ, алалхусус бо Ҳукумати шаҳри Ваҳдат ҳамкории наздик дошта, вобаста ба ин мавзӯи рӯзмарра чандин чорабиниҳои муштарак гузаронидаанд, ки маҳфили мазкур далели возеҳи ин гуфтаҳо мебошад.

109110

Сипас, гурӯҳи ҷавонони фаъол бо роҳбаладии масъулину намояндагони Ҳукумати шаҳри Ваҳдат, Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти дахлдор аз ҷойҳои тамошобоби ин шаҳр, ки тайи солҳои охир хеле зебову дилрабо гардидааст, боздид ба амал оварда, аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии сокинони маҳаллӣ дидан намуданд. Намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии сокинони шаҳри Ваҳдат, ки ба муносибати эълон гардидани соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» барпо гардида буд, бозгӯи таърихи қадима доштани шаҳр ва дорои макону ҷойҳои тамошобоби сайёҳӣ будани он мебошад.
Абдулло ШОЕВ, Дилшод ХОЛОВ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика