Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯриҳои судманд бо омӯзгорону хонандагони мактабҳо

176

Рӯзи 15-уми феврали соли равон, як гурӯҳ омӯзгорони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳайати дотсенти кафедраи мурофиаи ҷиноятӣ полковники милитсия Убайдуллоев Ш., омӯзгори калони кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ майори милитсия Самиҳов Б. ва омӯзгори кафедраи тактикаи махсус ва омодагии ҷисмонӣ капитани милитсия Ҳайдарзода Д. бо ҳайати омӯзгорону шогирдони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №60-и ноҳияи Сино ва №63-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе вохӯрӣ баргузор намуданд.
Ҳадаф аз вохӯриҳои мазкур, пеш аз ҳама татбиқи амалии талаботи Нақша-чорабиниҳое, ки дар якҷоягӣ аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид «Оиди сафарбар ва вобаста намудани сардорон ва муовинони сардорони Раёсатҳои Дастгоҳи марказӣ ва ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе дар соли 2017» тасдиқ гардидааст, иборат буд.
Мавзӯи асосии ин вохӯриҳо шарҳу эзоҳи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани соли 2018 ва 25-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллӣ буд.
Аз ҷумла, дар суҳбате, ки намояндагони Академия бо ҳайати омӯзгорону шогирдони муассисаҳои таълимии зикргардида намуданд, пеш аз ҳама оид ба сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бори дигар дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид, изҳори андеша намуда, таъкид карданд, ки «бо истифода аз тамоми қобилиятҳои зеҳнӣ, мову шумо - омӯзгорони гиромиқадрро лозим аст, ки ҳарчи бештар дар ҳамкории зич бо падару модарон ва дигар субъектони тарбия кӯшиш намоем то ба он эътимоду боварӣ ва қадршиносии Роҳбари давлат нисбат ба соҳаи маориф сазовор бошем ва баҳри дуруст таълиму тарбия додани насли наврас чораҳои заруриро амалӣ созем».

177

Дар анҷоми вохӯриҳо омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №60 ва №63 миннатдории худ ва аҳли маорифчиёни пойтахтро ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати ҳамкории судманд бо мардум, аз ҷумла бо мактабҳо баён доштанд.
Б. Самиҳов




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика