Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №95

181

Имрӯз (20.02.с.2018), дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 95-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вохўрии мақсадноки кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва дигар мақомотҳои дахлдор бо хонандагони ин даргоҳи илму маърифат баргузор гардид.
184Сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Азизӣ Муҳаммадалӣ Миралӣ бо сухани ифтитоҳӣ ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, баргузории чунин чорабиниҳои судмандро барои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ амалӣ муфид арзёби кард.
Дар идомаи чорабинӣ садори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД полковники милитсия Фаттоҳзода Абдусаттор баромад намуда, изҳор дошт, пешгирии содиршавии ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунӣ аз ҷониби ноболиғону ҷавонон яке аз масъалаҳои муҳими рўз ба ҳисоб рафта, ҳар як шаҳрванди солими ҷомеаро зарур аст дар ин самт дар баробари мактабу маориф ва дигар сохторҳои марбута саҳмгузор бошанд. Дар идомаи суханронӣ номбурда зикр кард, ки соли 2018 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид, ки ин ташаббуси созанда барои халқи тоҷик бисёр муҳим ва саривақтист. Аз ин лиҳоз ҷавонону ноболиғон, бахусус хонандагони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки вақти пурқиммати хешро сарфи амалу кирдорҳои беҳуда накарда, дар баробари аз худ намудани барномаи таълимӣ, ҳунарҳои мардумиро низ аз худ намоянд. Зеро беҳуда нагуфтаанд: «Ҳунар беҳ аз мулки падар». Илова бар ин кайд гардид, ки дар соли сайёҳӣ меҳмонон аз хориҷи мамлакат ба кишвари мо бештар барои тамошо меоянд ва ҳар яки моро зарур аст, ки бо онҳо муносибати намунавӣ дошта, маданияту фарҳанги бойу ғании мардуми тоҷикро муаррифӣ намоем.

183182

Мавриди зикр аст, ки чорабинии мазкур тибқи нақшаи чорабиниҳои муштараки Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шахри Душанбе бо Прокуратураи шаҳри Душанбе, Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе дар робита ба дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бахри пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҳамзамон тарбияи ҷавонон дар рўҳияи созандагию бунёдкорӣ ва тарғиби идеологияи солим доир гардид.
Абдулло Шоев
Дилшод Холов




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика