Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносои мактаббачагон аз рафти хизматбарии сарбозон

124

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатии Вазорати корҳои дохилӣ, як гурӯҳ омӯзгорону мактаббачагони Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №32, 50, 59, 66 ва 90-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барои шиносоӣ ва огоҳӣ пайдо намудан бо рафти хизматбарии сарбозон аз қисми ҳарбии 3502-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД дидан намуданд.
Мактаббачагонро зимни боздид муовини сардори Шуъбаи 1-уми ВКД дар ноҳияи Сино подполковники милитсия Гулаҳмад Гурезов, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ин шуъба подполковники милитсия Рустам Холзода ва афсари калони зершуъба оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявии қисми ҳарбӣ капитани хизмати дохилӣ Саноӣ Саломатов роҳбаладӣ намуданд.
Тавре масъули бахши кор бо ноболиғони Шуъбаи 1-уми ВКД дар ноҳияи Сино подполковники милитсия Р. Холзода иброз дошт, мақсад аз сафарбарнамоии хонандагони муассисаҳои таълимӣ, пеш аз ҳама пешгирии қонуншиканӣ миёни мактаббачагон мебошад.

125

- Мо бо ин роҳ метавонем ҳисси хештаншиносиро миёни онҳо бедор намуда, наврасонро аз оворагардӣ боз дорем. Онҳо бояд дарк намоянд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат қарзи ҷавонмардӣ ба ҳисоб меравад. Ҳангоми иҷрои ин қарзи шаҳрвандӣ метавон худро соҳибватан дониставу арзишҳои миллиро ҳифз намуд, - изҳор дошт ӯ.
Ҳангоми боздид аз ин қисми низомии мазкур хонандагон бо шароити муҳайёгардида шинос шуда, аз меҳмонхонаву ошхона, сартарошхона, макони вохӯрии сарбозон бо аҳли оилааашон, толори варзишӣ ва хобгоҳи онҳо дидан намуданд.
Зимни шиносоӣ аз ин ниҳод, муовини директори Муассисаи таълимии №59-и ноҳияи Сино Шавкат Содиқов дар ҷавоб ба ин амали хайри масъулини мақомоти корҳои дохилӣ иброз дошт, ки "мо ҳангоми шиносоӣ пайдо намудан аз рафти хизматбарии сарбозони қисмҳои низомии мақомоти корҳои дохилӣ ва мавзеъҳои гуногуни таърихию фарҳангии кишвар, хонандагонро метавонем дар рӯҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ тарбия намоем. Зеро дӯст доштани Ватан ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ бояд аз овони хурдсолӣ дар замири толибилмон ҷой дошта бошад.
Муҳассилини мактабҳои мазкур аз чунин вохӯрӣ изҳори хушнудӣ намуда, иброз доштанд, ки онҳо низ дар оянда баҳри хифзи марзу буми Ватани хеш хизмати бошарафона хоҳанд кард .

Тоҷиддин ЛАТИПОВ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика