Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Омӯзиши таҷрибаи собиқадорон дар Маркази таълимӣ

195

Имрӯз дар Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи Шӯрои Созмони собиқадорон баргузор гардид.
Ҷаласаро бо сухани муқаддимавӣ сардори Маркази таълимӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия Умари Хайём Амиршо, оғоз намуда, доир ба дастуру супоришҳои роҳбарияти ВКД дар ҳамкории пайваста қарор доштани ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ бо собиқадорон, дар бораи омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо» изҳори андеша намуда, зикр сохт, ки мақсад аз қабули ин қонун, пеш аз ҳама, барқарорсозии робитаи кормандони ҷавон бо собиқадорон мебошад.

196

Фаъолияти Маркази таълимӣ, бевосита ба бозомузӣ ва гузаштани курсҳои тайёрии ибтидоии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ вобастагӣ дорад ва дар ин замина истифодаи таҷрибаи собиқадорон аз манфиат холӣ нест. «Дар ин радиф мо метавонем дар байни ҳайати шахсии Маркази таълимӣ сӯҳбату вохӯриҳоро бо собиқадорон ба роҳ монда, баҳри иҷроиши дастуру супоришҳои роҳбарияти ВКД тамоми чораҳои заруриро андешем», - илова намуд ӯ.
Сипас сардабири ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа» полковники милитсия Ҳасан Шерализода доир ба фаъолияти худ дар Маркази таълимии ВКД суханронӣ намуда, зикр кард, ки дар давоми фаъолияти корӣ аз муаллими оддӣ сар карда, то ба вазифаи муовини сардор оид ба таълим фаъолият намудааст. Мавсуф аз ин иқдом хуш истиқбол намуда, иброз дошт, ки ин ташаббус барои боз ҳам наздик сохтани кормандони Маркази таълимӣ бо собиқадорон мусоидат намуда, насли ҷавонро водор месозад, ки таҷрибаи бойи собиқадоронро сармашқи кори худ қарор диҳанд.
Дар ҷаласа, собиқ муовини сардори Маркази таълимӣ, подполковники мустаъфии милитсия Назришо Сайёраев раиси Шӯрои Созмони собиқадорон, интихоб гардид.

197

Бояд тазаккур дод, ки дар Маркази таълимӣ барои фаъолият намудани Шӯрои Созмони собиқадорон ҳуҷраи корӣ бо тамоми шароитҳои зарурӣ муҳаё гардида, дар оянда Шӯро тасмим гирифтааст, ки ҳар моҳ бо ҳайати шахсӣ сӯҳбату вохӯриҳо доир намояд.
Тоҷиддин ЛАТИПОВ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика