Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили Рӯзи милитсия дар Варзоб

Дар маҷлисгоҳи ШВКД дар ноҳияи Варзоб бахшида ба Рӯзи милитсия – 10 ноябр чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ, роҳбарият ва ҳайати шахсии шуъбаи мазкур иштирок намуданд.
Чорабиниро сардори ШВКД дар ноҳияи Варзоб полковники милитсия Раҳматулло Саидзода оғоз намуда, зикр кард, ки ҳамасола дар ҷумҳурӣ Рӯзи милитсия бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад, ки ин боиси ифтихор ва сарфарозии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

- Мардум дар симои милитсия муҳофизатгари худро мебинад. Аз ин лиҳоз, бо боварии комил метавон гуфт, ки кормандони Шуъбаи милитсияи ноҳияи Варзоб дар давоми фаъолияти худ аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои хизматӣ баромада, баҳри ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва оромию осоиштагии мардум саҳми худро мегузоранд, - афзуд Раҳматулло Саидзода.
Дар идомаи чорабинӣ раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Шамсиддин Маҳкамов баромад намуда, доир ба хизматҳои содиқонаю софдилонаи кормандони милитсия баҳри ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, арзишҳои миллӣ ва барқарорсозии сохти конститутсионӣ сухан ронд.
Дар идомаи чорабинӣ аз номи роҳбарияти ШВКД ба собиқадорону нафақахӯрони милитсияи ноҳияи Варзоб туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Ҳамзамон, ба оилаҳои кормандони милитсияе, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҷони худро аз даст додаанд, кӯмаки моддӣ расонида шуд.

Дар ин радиф ба кормандони шуъба барои хизматҳои софдилонаю содиқона, зоҳир намудани малакаи баланди касбӣ дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, волоияти қонун ва пешгирию ошкор намудани ҷинояткорӣ, инчунин бахшида ба Рӯзи милитсия аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ Ифтихорномаҳо тақдим гардид.
Тоҷиддин ЛАТИПОВ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика