Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Туҳфаи идона дар арафаи иди касбӣ

Дар арафаи Рўзи милитсияи тоҷик бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Саидзода Маҳмасаид Борон, сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД генерал-майори милитсия Раҳмонзода Алихон Футур, раис ва прокурори ноҳияи Файзобод бинои маъмурии ШХДМ-и ШВКД дар ин ноҳия дар шароити тантанавӣ ба истифода дода шуд.

Дар ин маросим қайд гардид, ки шуъбачаи мазкур дар муддати кўтоҳ, яъне сохтмони он аз моҳҳои аввали соли ҷорӣ оғоз гардида, ин бино дар зарфи 6-7 моҳ сохта ба истифода дода шуд, ки ба истифодадиҳии он дар арафаи иди касбӣ туҳфаи арзандаест баҳри муҳофизони ватан.
Муовини Вазири корҳои дохилӣ паёми табрикии роҳбарияти ВКД-ро бахшида ба ин санаи хотирмон расонида, кормандонро ба хизмати содиқонаву софдилона даъват намуд.
Ҳамчунин, дар арафаи Рўзи милитсияи тоҷик дар маҷлисгоҳи Хадамоти давлатии «Муҳофиза» бо иштироки сардори хадамот генерал-майори милитсия Раҳмонзода Алихон Футур, ҳайати шахсӣ ва собиқадорон ҷаласаи идона баргузор гардид.

Дар он як қатор кормандони ХДМ ва ҷузъу томҳои он барои хизмати содиқонаву софдилона бо мукофотҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти давлатии «Муҳофиза» сарфароз гардонида шуданд.
Далер САИДМУРОДОВ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика