Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Озмуни расми беҳтарин дар ноҳияи Варзоб

Бо мақсади ташвиқу тарғиби риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор дар байни муҳасилини муассисаҳои таълимӣ, зиёд намудани ҳисси ватандӯстию меҳанпарварӣ ва дилсӯз будани мактаббачагон ба дастовардҳои халқу диёр аз тарафи мутахассисони Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Варзоб дар ҳамкорӣ бо кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва Шуъбаи маорифи ноҳия дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №61-и ба номи Файзулло Абдуллоеви ноҳияи мазкур, ҷамъбасти озмуни «Расми беҳтарини зиддисӯхтории мактаббачагон» доир гардид. 

Аз тарафи сарвар ва масъулони мактаб баҳри дар сатҳи баланд доир гардидани чорабинӣ барои иштирокчиёни озмун тамоми шароитҳои лозимӣ муҳайё карда шуда буданд.
Боиси тазаккур аст, ки қаблан чунин озмун дар байни хонандагони ҳамаи синфҳои мактаби номбурда дар алоҳидагӣ ва баъдан байни ғолибони озмуни ҳамаи синфҳои муассиса баргузор карда шуда, он ғолибони озмуни байни синфӣ, ки маҳорати хуб ва истеъдоди баланди расмкашӣ доштанд ба ин озмун роҳхат гирифтанд.
Расмҳои тасвир намудаи мактаббачагон, ки ба маърази ҳайати ҳакамон ва тамошобинон пешкаш гардида буданд ва ҳар он расмҳои ҷолибе, ки дар рафти чорабинӣ бевосита аз тарафи онҳо вобаста ба мавзӯъ кашида мешуданд, далели тайёрии ҷиддӣ дидани ҳар як иштирокчӣ ба озмун буд.
Қобили қайд аст, ки дар вақти ҷамбаст намудани натиҷаҳои озмун аз ҷониби ҳайати ҳакамон, аз тарафи дастаи ҳаваскорони мактаббачагон ба тамошобинон саҳначаҳои ҳаҷвӣ оид ба ҳодисаҳои сӯхтор ва шеъру сурудҳо дар васфи Ватан, модар ва ифтихор доштан аз давлату миллати хеш намоиш додаву қироат карда шуданд.
Мувофиқи холҳои ба даст оварда, аз тарафи ҳайати ҳакамон ҷойи аввал ба хонандаи синфи 9 «а» Шукронаи Сангинмурод, ҷойи дуюм ба хонандаи синфи 8 «а» Сарвиноз Аҳмадова ва ҷойи сеюм ба хонандаи синфи 5 «а» Дилнозаи Нарзулло сазовор дониста шуд.

Дар интиҳои чорабинӣ ба ғолибони озмун аз тарафи нозири назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтори ХДО ноҳияи Варзоб Баҳром Раҷабов ва сарвари муассиса Ҳаит Шукуров Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравии қимматнок супорида шуданд.
Воқеан баргузории чунин чорабиниҳо аз манфиат холӣ набуда, дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҳифзи моликияти хусусию давлатӣ аз сӯхтор саҳми сазовор хоҳад гузошт.
Саломиддин Зарипов, нозири калони ХДО ноҳияи Варзоб, капитани хизмати дохилӣ.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика