Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамкорӣ бо аҳли ҷомеа - самти асосии ислоҳоти милитсия

Рӯзи 8-уми декабри соли равон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ вохӯрии аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсияи назди Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо маорифчиён ва омӯзгорону хонандагони ин муассисаи таълимӣ доир гардид.
Нахуст директори муассисаи мазкур Мақсуда Муродова ба сухан баромада, аз ҳамкориҳо бо мақомоти корҳои дохилӣ ва муфид будани он баҳри фардои насли наврас изҳори андеша намуд.
Сипас, муовини Раиси Шӯрои ҷамъияии назди РВКД дар шаҳри Душанбе полковники мустаъфӣ Неъматулло Билолов ба хонандагон муроҷиат намуда, гуфт: - Шумо беҳтарин ва хушбахтарин фарзандони ҷомеа ҳастед, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон таълиму тарбия мегиред. Шумо бояд тавре ба воя расед, ки сазовори боварии суханони Сарвари давлатамон «Ҷавонон ояндасози миллату давлати Тоҷикистон аст», гардед. Ҳар яки шумо масъулияти муҳимеро ба дӯш доред, то ки ба эътимоди Пешвои миллатамон сазовору арзанда бошед. Ба ҳамаи ин муваффақият ноил гардидан, аз ҳамин даргоҳ оғоз мешавад. Агар дар ин даргоҳи илму маърифат дуруст ба воя расед, таълиму тарбияи дуруст гиред ва дониши васеъ омӯзед, шумо нафарони ояндасозу умедбахши ҷумҳурӣ мегардед, - афзуд номбурда.

Мутаассифона, бо истифода аз бесаводиву камфаҳмии бархе аз ҷавонону наврасон саркардагони ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ нафарони гумроҳро ба доми худ мешаканд ва яке аз мақсадҳои асосии Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия низ пешгирии гаравидани ҷавонону наврасон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои хушунатангез иборат мебошад.
Дар идома намояндаи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, аъзои фаъоли Шӯрои ҷамъиятӣ Раҳимҷон Раҳимов аз имконияту шароитҳои муҳайёгардида баҳри илмомӯзии толибилмон, дар бораи баланд бардоштани малакаву маҳорати хонандагон, беҳтаргардии шароити тадрис ҳарф зада, онҳоро ба омӯзиши илму ҳунар ва ҳушёрию зиракӣ даъват намуд.
Аъзои дигари ин шӯро Гулпарӣ Латипова зимни баромади хеш зикр намуд, ки соли 2013 лоиҳаи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» таҳия ва коркард гардида, гузаштан аз милитсия ба политсия ин талаби замон буда, аз пешрафти ҷомеа вобаста мебошад, зеро мо бояд ҳамрадифи замон бошед.

Гулпарӣ Латипова инчунин аз вазифаҳои политсия сухан ронда, иброз дошт, ки вазифаи асосии милитсия ин таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, ҳимояи манфиатҳои онҳо мебошад. Инчунин, профилактикаи ҳуқуқвайронкуниҳо, ошкор кардан, огоҳонидан ва пешгирӣ намудани ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва тафтиши ҷиноятҳо самтҳои афзалиятноки фаъолияти милитсия ба ҳисоб меравад. Ҳалли ин вазифаҳо бояд дар ҳамкории мутақобила бо дигар хадамот ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ амалӣ карда шавад.
Дар охир ба омӯзгорону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 дастурамалҳо дар самти Ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.
Наврӯз ҶОБИРОВ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика