Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пахтаро аз сӯхтор ҳифз намоед!

 

Ҳамасола кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд муддат пеш, то оғози мавсими ғунучини ҳосили пахта дар хирманҳо, нуқтаҳои қабул ва корхонаҳои коркарди пахта корҳои профилактикӣ гузаронида, ба роҳбарону шахсони мутасаддии зиддисӯхтор, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, иҷоракорони алоҳида амрнома ва маслиҳату пешниҳодҳои муфид медиҳанд. 

Дар баробари ин дар байни дастаҳои идоравии оташнишонӣ, деҳқонону коргарон, тракторчиҳою ронандаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. Бинобар сабаби хунукназарӣ, саривақт наандешидани чораҳои зарурӣ аз тарафи масъулин ва риоя накардани оддитарин қоидаҳои бехатарӣ, ҳодисаҳои сӯхтор ба амал омада пахта нобуд мегардад. Хушбахтона, соли гузашта дар ин мавсим дар хирманҳо, заводу корхонаҳои қабул ва коркарди пахта ҳодисаҳои сӯхтор ба қайд гирифта нашудааст.
Тавре, таҳлили сӯхторҳо нишон медиҳад, дар бисёр мавридҳо аз сабаби надоштани шарорахомӯшкунак ва ё дуруст набудани дудбарои трактору автомашинаҳои барои ҷамъоварии пахта сафарбар кардашуда, пахтаи дар хирманҳо ва дар наздикии роҳҳои мошингард паҳнкардашуда оташ мегирад.
Оташдонҳои хӯрокпазии деҳқонон аз хирманҳо ва нуқтаҳои қабули пахта бояд накам аз 100 метр дуртар бошад. Пахтаи дар мошин ва ё трактор боркардашударо бо брезент пӯшонидан ба мақсад мувофиқ аст. Ҳамагуна техникаҳое, ки барои ҷамъоварӣ ва кашондани ҳосили пахта сафарбар шудаанд, бояд бо шарорахомушкунаку оташхомӯшкунакҳои тамғаи ОП-5 ва бел таъмин бошанд.
Оташхомӯшкунак ба қисми пеши бордони нақлиёт, бел ба зери бордон аз тарафи ҷои нишасти ронанда, махкам карда мешавад. Дар роҳҳои мошингард хушконидан, инчунин аз болои пахта гузаштани мошинҳо мумкин нест, зеро ин ҳам боиси ба амал омадани сӯхтор мегардад. Майдончаи пахтахушккунӣ дар хирман бояд мумфарш (асфалтпӯш) ё бо лой ба ғафсии 5 см. андова карда шуда бошад.
Истгоҳи тракторҳо, автомобилҳо, мошинҳои пахтачинӣ, ҷои таъмиркунӣ, равғанмолӣ ва сӯзишворипуркунӣ бояд накамтар 100 метр аз хирман дур ҷойгир бошад. Дар саҳро мошини пахтачинӣ ва ё дигар техникаи бордонаш пур аз пахтаро шабона мондан манъ аст. Ҳангоми дар бордони мошинҳои пахтачинӣ ва ё пахтакашон оташ гирифтани пахта, онро дарҳол дар ҷои бехавф холӣ карда, чораҳои хомӯш намудани сӯхторро фавран андешидан зарур аст.
Дар хирману нуқтаҳо ва корхонаҳои пахтақабулкунӣ аз байни коргарону деҳқонон дастаҳои идоравии оташнишонӣ ташкил намуда, ба онҳо тарзи пешгирӣ ва хомӯш намудани сӯхторро омӯзонидан лозим аст.
Тибқи қоида хирманҳо бояд дар наздикии ҷӯйҳо ва ҳавзҳои обдошта ҷойгир шуда, бо воситаҳои аввалиндараҷаи сӯхторнишонӣ, мотопомпаи обкашии зиддисӯхторӣ, дастурамали махсус ва нишонаҳои зидди сӯхторӣ таъмин карда шуда ва бояд онҳо 150 метр дур аз хонаҳои истиқоматӣ ва биноҳои маъмурӣ ҷойгир бошанд. Дар ҷойҳои пахтағарамкунӣ афрӯхтани гулхан ва кашидани тамоку қатъиян манъ аст.
Заводҳои пахтатозакунӣ, нуқтаҳои қабули пахта ва хирманҳо бояд барои хомӯш намудани сӯхтор бо насосҳои обдиҳӣ, мотопомпаҳо, рӯдаҳо ва милҳо таъмин бошанд.
Инчунин заводҳои пахтатозакунӣ ва нуқтаҳои қабули пахта бо автомобилҳои оташнишонӣ бояд ҳатман таъмин бошад. Мурод аз ин чорабиниҳо пешгирии сӯхтори пахта аст, то сарвати асосии кишоварзии кишварро аз коми оташ ҳифз намоем.
Беҳуда намегуянд, ки пешгирии сӯхтор аз хомӯш намудани он осонтару арзонтар мебошад.

Нозимҷон Иброҳимзода, сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД, генерал-майори хизмати дохилӣ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика