Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии масъалаҳои муҳим дар вохӯрӣ бо хонандагони мактабҳо

Яке аз вазифаҳои кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони (ХПҲНҶ) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон, тарғиби илмомӯзиву ватандӯстӣ дар байни онҳо ва ба роҳи рост ҳидоят намудани намояндагони ин насли ояндасоз мебошад. Маҳз бо ҳамин мақсад хизматчиёни ин ниҳод ҳамкориро бо намояндагони касбу кори гуногун тақвият бахшида, дар муассисаҳои таълимӣ чорабиниҳои зиёди фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

Аз ҷумла, чунин ҷамъомадҳои судманд рӯзи 19-уми сентябр дар Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 8, 52 ва Гимназияи ба номи Низомии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе гузаронида шуданд.
Дар ин вохӯриҳо, ки бо иштироки ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард», масъулини хадамоту бахшҳои дахлдори Вазорати корҳои дохилӣ, аз ҷумла Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва соҳаи маорифи шаҳру ноҳия доир гардиданд, баромадкунандагон оид ба амалҳое, ки боиси доғдор гардидани рӯзгори минбаъдаи насли наврас шуда метавонанд, изҳори андеша намуда, аз хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ даъват ба амал оварданд, ки аз ҳар лаҳзаи мактабхонӣ самаранок истифода намуда, баҳри азхуд кардани илму донишҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Дар вохӯриҳои кормандони милитсия бо омӯзгорону муҳассилини муассисаҳои таълимии ноҳияи мазкур доир ба таъмини иҷроиши талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш изҳори андеша карда шуд.

Дар ин мулоқотҳо дар баробари баррасии масоили васеи марбут ба кору зиндагии ноболиғону ҷавонон, ҳамзамон, созмондиҳандагони онҳо ба масоили марбут ба қоидаҳои ба мактаб бо либоси мактабӣ омадан ва бе телефонҳои мобилӣ дар дарсҳо иштирок кардан, пешгирии ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ бо иштироки наврасону ҷавонон, назорат ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои бо мошинҳои шахсӣ ба дарс омадани ҷавонон низ дахл намуданд.
Оид ба масъалаҳои дигари доғи рӯз, аз қабили шомилшавии ноболиғону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва бадахлоқиву бадрафтории баъзеи онҳо низ изҳори назар карда шуд.
Тавре дар ин мулоқотҳо қайд карда шуд, ҷой доштани ҳолатҳои ҷанҷолҳои байнимактабӣ ва иштироки баъзе ҷавонони тоҷик дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ воқеан боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидаанд. Зикр карда шуд, ки тоҷикон миллати дорои таърихи куҳан ва фарҳангу адабиёти оламшумул мебошанд, аз ин рӯ, даст задани ноболиғону ҷавонони тоҷик, ки ояндасозони миллати мо мебошанд, ба чунин амалу кирдорҳои ношоиста ба мақому мартабаи миллат ва давлати ҷавони мо дар арсаи ҷаҳонӣ иснод меорад.
Чунин вохӯриву ҷамъомадҳои судманд дар дигар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе низ гузаронида шуданд.

Тавре дар ин чорабиниҳо зикр карда шуд, вохӯриҳои мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва дар доираи нақша-чорабиниҳои якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ амалӣ гардида, мақсад аз онҳо пешгирии муноқишаҳои байнимактабӣ, тарбияи хонандагон дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба ҳаёту фаъолияти насли наврас мебошад.
Абдулло ШОЕВ, нозири калони гурўҳи матбуотии ХПҲНҶ ВКД ҶТ, капитани милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика