Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Озмуни беҳтарин дар касб

Омодагии доимии ҷисмонӣ ва рӯҳӣ талаботи асосии кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ба шумор меравад. Дар ин замина, бо мақсади санҷиши дараҷаи омодагии касбии ҳайати шахсӣ ва боз ҳам равнақ додани касбияти кормандони соҳаву ҷавобгӯ будани донишу малакаи онҳо ба талаботи замони муосир, тибқи нақшаи кории шуъбаи хизмат ва омодагии Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи масъулини Сарраёсат ҳамасола озмунҳои «Беҳтаринҳо дар касб» ва «Беҳтарин гурӯҳи хадамоти муҳофизат аз газу дуд» дар байни кормандони тамоми ҷузъу томҳои Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ташкил ва гузаронида мешавад.
Дар Маркази таълимии СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи нақшаи Сарраёсат давраи дуюми озмунҳои «Беҳтаринҳо дар касб» ва «Беҳтарин гурӯҳи хадамоти муҳофизат аз газу дуд» дар байни кормандони ҷузъу томҳои Хадамоти давлатии оташнишонии гарнизони Душанбе баргузор гардид. Озмун дар асоси талаботи низомномаву барномаҳои махсуси таълимии ХДО, ки ба талаботи замони муосир дар пешгирӣ ва мубориза бо ҳодисаҳои нохуши сӯхтор ва дигар ҳодисаҳои фавқулоддаву техногенӣ пурра ҷавобгӯ мебошанд, доир карда шуд.
Бинобар ин озмун хеле ҳам ҷолибу хотирмон ҷараён гирифта, аз ҳайати ҳакамон дақиқиро талаб менамуд. Дар интиҳои чорабинӣ, мувофиқи холҳои бадастовардаи иштирокчиён, ҳайати ҳакамон муайян намуданд, ки дар байни кормандони ҷузъу томҳои ХДО горнизони шаҳри Душанбе унвонҳои:
- «Беҳтарин нозири назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор» ба нозири гурӯҳи бехатарӣ аз сӯхтори қисми 25-ум оид ба муҳофизати ҶСК «НБО Роғун», лейтенанти хизмати дохилӣ Авғонов Рустам;
- «Беҳтарин сардори баст» ба сардори басти навбатдории қисми 1-уми РХДО шаҳри Душанбе оид ба муҳофизати ноҳияи Шоҳмансур, лейтенанти хизмати дохилӣ Ҷобиров Анвар;
- «Беҳтарин командири шуъбача» ба командири шуъбачаи басти навбатдории қисми 11-уми ҲХДО Маркази таълимии СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сержанти калони хизмати дохилӣ Давлатзода Маҳмадраҳими Мирзоумар;
- «Беҳтарин оташнишон» ба оташнишони қисми 15-ум оид ба муҳофизати шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ, старшинаи хизмати дохилӣ Аминов Д.;
- «Беҳтарин радиоалоқачӣ» ба радиоалоқачии қисми 15-ум оид ба муҳофизати шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ, сержанти хизмати дохилӣ Тағойбекова А.;
- «Беҳтарин муҳофизатчӣ аз газу дуд» ба оташнишони қисми 1-уми РХДО шаҳри Душанбе оид ба муҳофизати ноҳияи Шоҳмансур, сержанти хурди хизмати дохилӣ Тоиров Холмаҳмад;
- «Беҳтарин гурӯҳи муҳофизат аз газу дуд» ба гурӯҳи хадамоти муҳофизат аз газу дуди Қисми 15-ум оид ба муҳофизати шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ сазовор дониста шуда, суратҳои ғолибони озмун дар лавҳаи фахрии ХДО ВКД ҷойгир карда мешаванд.
Ҳамчунин аз тарафи муовини аввали сардори СХДО ВКД полковники хизмати дохилӣ Қутфиддин Салоҳиддинзода дар шароити тантанавӣ ба ғолибони озмун Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуда, таъкид гардид, ки тайёрию иштироки фаъолона ва натиҷаҳои нишондодаи иштирокчиёни озмун аз малакаву дониш ва маҳорати баланди касбии ҳар яки онҳо шаҳодат дода, касро дилпур месозад, ки воқеан ҳам кормандони ХДО ВКД дар ҳама ҳолат наҷотбахши дастоварду неъматҳои халқу Ватан аз ҳодисаҳои мудҳиши сӯхтор мебошанд.
Бинобар ин баҳри пешгирӣ ва мубориза бо сӯхтор ҳар як корманди ХДО бояд тамоми қувваю дониши худро сарф намуда, доимо сазовори боварии халқу Ватан бошад!
Иброҳимзода Д. СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика