Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машқи тактикии оташнишонон дар корхонаи коркарди пахта

 

Кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷузъу томҳои он дар баробари фаъолияти ҳамаҷонибаи кормандони соҳа, иловатан тибқи супориши роҳбарияти Сарраёсат фаъолияти хешро баҳри пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор дар корхонаҳои қабул ва коркарди пахта ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монда, ба кормандон, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чорабиниҳои зиддисӯхтори гузаронида истодаанд.
Бо ҳамин мақсад аз тарафи кормандони Сарраёсат ва хадамоти оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Рӯдакӣ дар корхонаи қабул ва коркарди пахтаи ҶСК «Ҳосилот», воқеъ дар деҳаи Бӯрёбофони ноҳияи Рӯдакӣ машқи тактикӣ-оташнишонӣ бо истифода аз ду адад техникаҳои оташнишонӣ ташкил ва гузаронида шуд.
Аз рӯи нақша, ки гӯё яке аз бунтҳои нигаҳдории пахта дар масоҳати 361 метри мураббаъ оташ гирифтааст. Дастаи идоравии оташнишонии корхонаи мазкур баъд аз даъвати оташнишонон фавран аз рӯи ӯҳдадориҳои вазифавӣ амал намуда, зарардидагонро аз бинои оташгирифта ба ҷойи бехавф кӯчонида, бо истифода аз нақлиёт ва воситаҳои аввалиндараҷаи сӯхторхомушкунӣ дар ҳамкорӣ бо оташнишонон сӯхтори шартиро иҳота ва дар масоҳати аввалааш хомӯш намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз тарафи иҷрокунандаи вазифаи сардори Шуъбаи хизмат ва омодагии Сарраёсат полковники хизмати дохилӣ Хурсанд Катиков ва директори ҶСК «Ҳосилот» Аброр Ҳамроев ба иштирокчиёни фаъоли чорабинӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Толиб Ҳаётов
Кароматулло Абдуллоев
СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика