Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии кормандони милитсия дар макотиби олии кишвар

Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқнамудани Вазорати корҳои дохилӣ ва Раёсати он дар шаҳри Душанбе санаи 24-уми октябри соли равон кормандони милитсия дар 22 муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, ки дар пойтахти мамлакатамон ҷойгиранд бо иштироки намояндагони соҳаи маориф, устодону донишҷӯён, инчунин ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» мулоқотҳо доир намуданд.

Дар рафти ин вохӯриҳо зикр гардид, ки насли наврас ояндаи миллату давлат ба шумор рафта, онҳо бо азхуд намудани илму дониш дар рушду инкишофи Ватани азизамон саҳм мегузоранд. Аммо тавре дар ин вохӯриҳо қайд гардид, дар ин радиф нафароне низ ҳастанд, ки бо амалу кирдори ношоиста ва даст задан ба ҷиноят ба номи ҳамсолони худ доғ оварда, муҳити ороми оилавӣ ва ҷомеаро халалдор месозанд.
Мутассифона, ҳодисаҳои охир, алалхусус муноқишаҳои гурӯҳӣ дар миёни мактаббачагону донишҷӯён, содиршавии амалу кирдорҳои номатлуб аз он далолат мекунад, ки баъзе аз падару модарон ва шахсони парастор нисбати тақдиру ояндаи фарзандон бемасъулиятӣ зоҳир мекунанд.
Риояву иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» тамоми ҷонибҳои дахлдор, хусусан волидонро вазифадор месозад, ки ӯҳдадориҳои худро нисбати тарбияи фарзандон бо масъулият ба ҷо оварда, дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбута пеши роҳи ҳамагуна кирдору амалҳои номатлуб дар ҷомеаро бигиранд.

Кормандони милитсия доир ба риояи қоидаҳои таҳсил ва тарзи либоспӯшию рафтору кирдори донишҷӯён, пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва дигар амалҳое, ки боиси доғдор гардидани рӯзгори минбаъдаи ин насли ояндасоз шуда метавонад, изҳори андеша намуда, аз донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар даъват карда шуд, ки аз ҳар лаҳзаи донишҷӯӣ самаранок истифода намуда, баҳри азхуд кардани донишҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Шукуров Сироҷиддин




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика