Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвият бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа

Дар доираи фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия рӯзи 1-уми ноябри соли 2017 дар маҷлисгоҳи РВКД дар шаҳри Душанбе вохӯрӣ ҷиҳати ҳамоҳангсозии фаъолият ва ҳамкории Шӯрои мазкур бо милитсия баргузор гардид.
Зимни сухани ифтитоҳӣ сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Фотеҳ Қунғуротзода оид ба муҳиммияти ҳамкории милитсия бо Шӯрои ҷамъиятӣ ва аҳолӣ қайд намуда, баланд бардоштани симои корманди милитсияро тавассути кордонӣ ва хушмуомилагӣ таъкид кард.
Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД генерал-майори милитсия Шодмонзода Фарҳодбек оид ба рафти ислоҳоти милитсия ва фаъолият дар ин самт суханронӣ кард. Ҳамчунин зикр гардид, ки фаъолият оид ба Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди мақомоти милитсия дар ҷойҳо идома дошта, он бо Фармони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 2017 таҳти рақами 256 тасдиқ гардидааст.

Тибқи Фармони мазкур сардорони РВКД дар вилоятҳо ва ШВКД дар шаҳру ноҳияҳо барои таъсис додани Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар назди ШВКД уҳдадоранд.
Сипас риштаи суханро Латипова Гулпарӣ – аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ гирифта, оид ба ҳадаф, вазифаҳо ва чорабиниҳои нақшаи профилактикии таҳиякардаи Шӯрои мазкур дар назди РВКД дар шаҳри Душанбе баромад намуд.
Гулнора Амиршоева, сармуҳаррири рӯзномаи “Вечерний Душанбе” лоиҳаи таҳиякардаашро оид ба шиносоии аҳолӣ бо нозирони минтақавии милитсия, саволномаҳо ва ташкил кардани вохӯрии фаъолон бо роҳбарияти ВКД ва нозирони минтақавӣ муаррифӣ намуд.
Ҳангоми баррасӣ ва муҳокимаи нақшаҳо як қатор таклифҳо пешниҳод гардиданд, аз ҷумла:
- баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа ва ҳамкории аҳолӣ бо милитсия;
- ҳаллу фасли мушкилот дар ҳамкорӣ (милитсия, ҷомеа, ҳукумат, ҷавонон, занон ва ғ.).
Дар фарҷоми вохӯрӣ муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе полковники милитсия Саломов Суҳроб ва Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ дар назди РВКД дар шаҳри Душанбе Мирзоев Юсуфҷон ба ҳозирин барои вохӯрии пурсамар изҳори миннатдорӣ намуданд.
Гул Маҳбуба, Манижа Тилавова.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика