Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа

Рӯзи 5-уми июни соли равон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии шаҳри Душанбе, Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 7 ва 10-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, донишҷӯёни ДМТ дар саҳни бинои Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон», 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии таъсисёбии ин марказ чорабинии бошукуҳе баргузор гардид.

Ба ин хотир саҳни марказ идона оро дода шуда буду нафақахӯрон табъи болида доштанд.
Чорабиниро директори марказ М.Зарипова ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба ин санаҳои хотирмон табрику муборакбод намуд ва риштаи суханро ба мактаббачагон, донишҷӯён ва курсатони Академияи ВКД дод.
Ҷавонон дар васфи Модар-Ватан, Ваҳдати миллӣ, шукргузорӣ аз истиқлолияти давлатӣ шеърҳо қироат намуданд.

Дастаи ҳаваскорони Академияи ВКД таҳти роҳбари бадеӣ, подполковники милитсия Амрохон Раҳимзода ба бошандагони марказ консерти идона намоиш доданд, ки онҳо бо хурсандию хушҳолӣ рақсу шодӣ намуданд.
Дар хотима маъмурияти марказ ба ташаббускорони ин ҷашни бошукӯҳ изҳори миннатдорӣ баён карданд.
Б. АСЛАМОВ, Ш. УБАЙДУЛЛОЕВ 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика